Ғолибияти навбатии курсантдухтари Академияи ВКД дар Ҷоми ҷаҳон
Миҷгона Самадова аз зумраи курсантдухтарони фаъоли Академияи ВКД буда, бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил мнамояд. Ӯ ҳамчун як фарди ватандӯст ва содиқ ба касби пешанамудаи худ варзишгари боистеъдод буда, дар бозиҳои сатҳи байналмилалӣ мудом парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд мебардорад.
Инак рӯзҳои 10-15-уми декабри соли равон дар шаҳри Белоярски Федератсияи Россия ба хотираи гиромидошти Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Фармон Салмонов мусобиқаи 17-уми Ҷоми ҷаҳон аз намуди бокси касбӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа намояндаҳои 26 давлатҳои дунё иштирок намуданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа курсанти курси сеюми Академияи ВКД, Миҷгона Самадова муаррифӣ намуда, соҳиби ҷои дуюм ва медали нуқраи гардида, шарафи ВКД ва Академияро дар доираи давлатҳои дунё боло бардошт.
Роҳбарияти ВКД ва Академия мудом баҳри тақвияти варзиш ба кормандони он мусоидат намуда, бо ин ғолибияти навбатӣ Миҷгона Самадоваро табрику таҳният гуфта, ғалабаҳои нав ба навро ба ин курсантдухтари ҷасур таманно доранд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.