Баргузор гардидани лексияҳои назариявии шакли он-лайн
Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи бандҳои 2.1. ва 3.1. Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон дар ш. Костонай ба номи Ш. Қобилбоев ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 25 январи соли 2017 ба имзо расидааст, аз 5 ноябр то 13 декабри соли 2019 лексияҳои навбатӣ барои курсантон-тоҷикзабони курсҳои 2-4 Академияи ВКД Костонай гузаронида шуданд.
Гузаронидани чунин чорабинӣ дар Академияи ВКД бори нахуст баргузор гардида, аз номи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., инчунин, сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Ф.Р. Шарифзода пурра ҷонибдорӣ карда шуданд.
Лекторон - сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Арипов А.Л., сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Ҳусейнзода С.Ҳ., дотсенти кафедраи мазкур, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Абдурашидзода А.А., муовини сардори факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқ, капитани милитсия Бухоризода Б.Р. ва омӯзгори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2, капитани милитсия Шарифзода П.Р. буданд.
Дар муддати як моҳ лексияҳо аз фанҳои Ҳуқуқи иҷрои ҷазо (3 соат), Ҳуқуқи ҷиноятӣ (3 соат), Мурофиаи ҷиноятӣ (3 соат) ва Фаъолияти маъмурӣ (3 соат), ки дар он саволҳои зерин баррасӣ шуда буданд:
1. Моҳият ва вазифаҳои мурофиаи ҷиноятӣ;
2. Дастгиркунӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ;
3. Амалҳои тафтишӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ;
4. Таркиби ҷиноят;
5. Тарафи субъективии ҷиноят;
6. Ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёт;
7. Мафҳум, мақсад ва вазифаҳои Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;
8. Иҷрои ҷазоҳое, ки бе ҷудоӣ аз ҷамъият адо карда мешаванд;
9. Иҷрои ҷазое, ки бо ҷудоӣ аз ҷамъият адо карда мешаванд;
10. Асосҳои ҳуқуқии хизмат дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11. Ташкили кори нозири минтақавии милитсия дар минтақаи маъмурӣ;
12. Хизмати дидбонию пайраҳадории милитсия.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр