Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар доир ба масъалаҳои такмили ихтисоси кормандон

476

Санаи 13 декабри соли 2019 дар асоси Нақшаи илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети №4 доир ба мавзӯи «Масъалаҳои такмили ихтисоси кормандони МКД ва курсҳои тайёрии ибтидоӣ дар партави Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» мизи мудаввар бо иштироки сардорони кафедраҳо ва намояндагони шуъбаи кадрҳои РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гардид.
Чорабинии мазкурро сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. кушода, зимнан қайд намуд, ки омодасозии курсҳои тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси афсарон яке аз масъалаҳои асосӣ дар баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорату малакаи кормандони МКД мебошад. Механизми омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар кишварҳои Аврупо тамоман аз меъёрҳои омодасозии имрӯз тафовут доштаанд. Ҳамчунин, масъалаҳои тақсими нозирони минтақавӣ дар асоси зичии аҳолӣ, муҳлати таҳсил дар мисоли кишварҳои аврупоӣ оварда шуданд.
Баъдан, подполковники милитсия Шарифов И. – муовини сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд оид ба ҳайати шахсӣ масъалаҳои натиҷагирӣ аз хатми курсҳои такмили ихтисос дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, муваффақиятҳои он ва ба кадом масъалаҳо зимни машғулиятҳои таълимӣ аҳамият додани ҳайати профессорону омӯзгоронро таъкид намуд.
Иштирокчиёни мизи мудаввар Хокироев А.Ю., Муҳамадиев Н.Б., Комилзода З., Исмоилзода О. низ зимни мусоҳиба фикру андешаҳои хешро доир ба масъалаи баррасишаванда иброз намуданд.
Дар охири мизи мудаввар барои боз ҳам такмил додани машғулиятҳои таълимӣ ва алоқамандии он бо амалия қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Абдулатифов У.Ҳ., сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...