Мизи мудаввар бахшида ба рӯзи ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Инсон-ҳуқуқ ва арзишҳои он»
Тибқи нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 13-уми декабри соли 2019 дар маҷлисгоҳи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бахшида ба рӯзи ҳуқуқи инсон дар мавзӯи «Инсон-ҳуқуқ ва арзишҳои он» мизи мудаввар аз тарафи кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети мазкур доир карда шуд, ки дар он ҳайати доимӣ, ва тағйирёбандаи факултет иштирок намуданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори факултет оид ба таълим ва илм, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С. оғоз намуда, аҳамияти ҳуқуқи инсонро дар ҷомеа баён намуд.
Сипас меҳмони чорабинӣ Ҳомидов Н., - н.и.т., роҳбари намояндаи ваколатдор оид ба Ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд бо маърӯза дар мавзӯи «Вазифаҳои ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» баромад намуд.
Инчунин Қурбонзода Иброҳим Музаффар – прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ дар вилояти Суғд мушовири адлияи дараҷаи 1 вобаста ба иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳотӣ ва авфи тиллоӣ маърӯза кард.
Баъди баромади маърӯзачиён баҳсу музокираҳо байни курсантони факултет доир карда шуд.
Дар хотима, конференсияро муовини сардори факултет оид ба таълим ва илм, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С. ҷамъбаст намуда, ҳозиринро боз як бори дигар бо фарорасии ин ҷашни таърихӣ табрик намуд.
Муқимзода М.М., муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.