Дарси кушоди сардори Академияи шаҳри Қустанайи ВКД Қазоқистон
Рӯзи 14-уми декабри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси кушоди сардори Академияи шаҳри Қустанайи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон полковники полиция Бикенов Нурлан Амангелдинович дар мавзӯи «Ислоҳоти политсия дар Ҷумҳурии Қазоқистон» бо иштироки васеи сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, муовинони сардори Академия, ҳайати профессорону омӯзгорон, адъюктон, шунавандагони факултети №1, баргузор гардид.
Дарс бо истифодаи технологияҳои муосир баргузор гардида, иштирокчиёни он бо мароқи том аз дастовардҳои Академияи шаҳри Қустанайи ВКД Қазоқистон ва ислоҳоти политсия дар ин кишвар шиносоӣ пайдо карда, барои баланд бардоштани савияи илмии худ маълумотҳои навро аз худ намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки робитаҳои илмии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Академияи шаҳри Қустанайи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон қавӣ гашта, бо ибтикори Вазири корҳои дохилӣ ва сардори Академия пайваста тадқиқотҳои дуҷониба дар самтҳои гуногуни илмӣ гузаронида мешаванд, ки омӯзгорону профессорони Академияҳои номбурда дар он ширкати фаъол доранд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.