Мизи мудаввари илмӣ-амалӣ оид ба рушди қонунгузории мурофиавии гражданӣ
Рӯзи 11-уми декабри соли 2019 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рушди қонунгузории мурофиавии гражданӣ дар замони Истиқлолият» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинии илмии мазкурро муовини сардори Академия оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. кушода эълон намуда, қайд намуд ки дар замони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд. Тибқи ин барномаҳо чандин қонун, аз ҷумла қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодексҳои мурофиавии гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ, қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» аз нав таҳия ва қабул карда шуданд, ки барои такмили сохтори судӣ, фаъолияти судяҳо ва дар маҷмӯъ, барои таҳкими ҳокимияти судӣ дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд оварданд.
Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки то ҳол дар баррасӣ ва иҷроиши санадҳои судӣ, амалисозии адолати судӣ мушкилот ҷой доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмони санаи 21 ноябр дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ гуфтанд: Танҳо дар нуҳ моҳи соли 2019 ба Суди Олӣ 190 шикоят 44 арзу шикоят ба Дастгоҳи иҷроияи Президент доир ба амалҳои судяҳо, аз ҷумла 58 шикоят дар хусуси ба кашолкорӣ роҳ додан ҳангоми баррасии парвандаҳо ва 7 шикоят оид ба иҷро нагардидани санадҳои судӣ ва 125 шикоят доир ба беамалии судяҳо ворид гардидааст.
Дар кори мизи мудаввар олимону омӯзгорони Академияи ВКД, курсантон, инчунин меҳмонон аз донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони коллегияи адвокатураи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад карда, ҷиҳати такмили қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон андеша ва пешниҳодҳои хешро иброз намуданд.
Тасмим гирифта шуд, ки дар соли 2020 атрофи проблемаҳои қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби васеи мутахассисон конференсияи сатҳи ҷумҳуриявӣ дар Академияи ВКД созмон дода шавад
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.