Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Презентатсияи монографияи муовини сардори Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия

403

Рӯзи 13-уми декабри соли 2019 дар толори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи сардори Академия, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, муовинони сардори Академия, ҳайати профессорону омӯзгорон, адъюктон, шунавандагони факултети №1 лексияи кушоди презентатсияи монографияи илмии муовини сардори Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия, доктори илми ҳуқуқ, профессор, полковники политсия Павличенко Николай Владимирович дар мавзӯи «Тадқиқоти диссертатсионӣ оид ба технологияи тайёркунӣ» ва «Модели назариявии қонунгузории мурофиавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ҳаммуаллифии сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳматҷонзода Р.А. баргузор гардид.

404405

Боиси таззаккур аст, ки робитаҳои илмии Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия бо Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз қавӣ гашта, бо ибтикори Вазири корҳои дохилӣ ва сардори Академияи ВКД тадқиқотҳои дуҷониба дар самтҳои гуногуни илмӣ гузаронида мешаванд, ки омӯзгорону профессорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ширкати фаъол доранд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э., Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...