Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сатҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

402

Мақсади асосӣ аз амалисозии ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон боз ҳам наздик намудани робитаи ин мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Ин нукта рӯзи 12-уми декабр дар маросими кушодашавии конференсияи минтақавӣ дар мавзӯи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. Назария ва амалия», ки дар Академияи ВКД доир гардид, баён карда шуд.
Зимни ифтитоҳи ин чорабинии сатҳи баланд сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ иброз намуд, ки «тайи ду рӯзи баргузории ин конференсия иштирокчиёни он масъалаҳои вобаста ба табодули таҷрибаи ҳамдигарӣ ва такмили амалия дар самти ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин фароҳам овардани фазои мусоид барои наздиксозии равобити милитсия бо шаҳрвандон ҷиҳати ҳаллу рафъи мушкилоти рӯзро, ки марбут ба таъмини бехатарӣ дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ мебошанд, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод».
Дар баромади худ муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати меҳмононро ба диёри зебоманзари тоҷикон, хусусан ба Душанбешаҳри ҳамешабаҳор хайрамақдам гуфта, ба онҳо дар кори гузаронидани ин чорабинии сатҳи баланд барору комёбиҳо таманно намуд.
Тавре ӯ зикр кард, «тайи чанд сол мешавад, ки дар Тоҷикистон раванди амалисозии ислоҳоти милитсия бомаром ҷараён дорад, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкориву ҳамбастагӣ бо шарикони иҷтимоӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва як қатор давлатҳои дӯст, дар доираи ин иқдом корҳои зиёдеро анҷом додааст. Муҳиммияти масъалаи мазкурро ба инобат гирифта, роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизмат дар ин сохтор таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста ба Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои зертобеи он ташриф меоранд».
Дар идомаи конференсияи минтақавӣ, ҳамчунин директори Шуъба оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ниша Прайер Синкх, роҳбари ташкилоти байналмилалии «Saferworld» (Дунёи бехатар) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хирад Каргасов, муовини сардори Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия оид ба илм, полковники политсия Павличенко Николай Владимирович, сардори Академияи Қустанайии ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Ш. Қобилбоев полковники политсия Биекенов Нурлан Амангелдинович, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам ва чанде дигар суханронӣ намуда, бо намоиш додани слайдҳо оид ба сатҳи ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии кишварҳои худ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ибрози андеша намуданд.

279280

Ёдовар мешавем, ки дар конференсияи минтақавӣ оид ба «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. Назария ва амалия», ки рӯзҳои 12-13-уми декабр дар шаҳри Душанбе идома меёбад, масъулини мақомоти корҳои дохилӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии давлатҳои Қазоқистону Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия ва Тоҷикистон иштирок доранд. Ҳамчунин, дар ин чорабинии сатҳи баланд намояндагони як қатор сафоратҳои мамолики хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар кори амалисозии раванди ислоҳоти милитсия бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, иштирок хоҳанд кард.
Аз ҷараёни ин чорабинии сатҳи баланд иловатан иттилоъ дода хоҳад шуд.

Умед ОЧИЛОВ,
Шавкат УБАЙДУЛЛОЕВ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...