Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории мизи мудаввари илмӣ-амалӣ дар Академияи ВКД

401

Санаи 10-уми декабри соли 2019 дар Акдемияи ВКД зери мавзӯи «Сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ» мизи мудаввари илмӣ-амалӣ бо иштироки васеи роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва шунавандагони курси такмили ихтисос аз Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Мизи мудавварро бо сухани муқаддимавӣ муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. оғоз намуда, аз дастовардҳои мақомоти хифзи ҳуқуқ, алалхус ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубриза бар зидди намудҳои гуногуни ҷинояткорӣ маълумоти муфассал дода, дар мавзӯи «Сабабҳо ва роҳҳои пешгирии ифротгароӣ (экстремизм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуд.
Сипас олимону омӯзгорони зерини Академия: Сафарзода Ҳ.С., сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия дар мавзӯи «Таносуби мафҳуми экстремизм ва терроризм дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Бухоризода Б.Р., муовини сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., капитани милитсия дар мавзӯи: «Проблемаҳои моддаи 1301 - савдои одамон», Валиев Н.Д., дотсенти кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани милитсия дар мавзӯи: «Саҳми дружиначиёни ихтиёрӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар пешгирӣ ва кушодани ҷиноятҳо бо кормандони МКД», Шарифзода В., дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия дар мавзӯи: «Сиёсати зидди коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Эгамов У.Ш., муаллими калони кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия дар мавзӯи «Тавсифи ҳуқуқӣ-ҷиноятии тамаъҷӯӣ ва пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳои илмӣ нмуданд .
Мизи мудаввар бо саволу ҷавоб, муҳокимаҳо ва қабули тавсияҳои илмӣ анҷом ёфт.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Ҳалимзода Д.Д.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...