Шиносоии тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз Академияи ВКД
Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ нисбати робита бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, алалхусус муассисаҳои таълимии миёна ва олии ҷумҳурӣ, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 барои кудакони ятими шаҳри Душанбе ва мактаб-интернати ҷумҳуриявии барои кудакони ятими ноҳияи Шаҳринав аз фаъолияти Академияи ВКД дидан намуданд.
Нахуст онҳоро роҳбарияти Академияи мазкур истиқбол намуда, омȳзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Самиъзода Б.С. дар бораи таърихи пайдоиш ва ташаккули Академия, сохторҳои он, бахусус ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корхои дохилӣ ба ин муассисаи олии таълимӣ маълумоти муфассал дод. Сипас, тарбиятгирандагон аз қисми навбатдорӣ, лавҳаи муқаддасоти миллӣ, китобхонаи Пешвои миллат, синфхонаи тири электронӣ, тайёрии ронандагӣ, бехатарӣ аз сӯхтор, китобхонаи электронӣ ва маркази матбуоти Академия дидан намуданд.
Дар майдончаи сафороӣ омȳзгорони кафедраи тактикаи махсус бо омодагии ҷисмонӣ аз силоҳи автомати «Калашников» ва таппончаи «Макаров» бо онҳо дарси амалӣ гузарониданд.
Сипас дар толори фарҳангии Академия вохӯрии тарбиятгирандагон бо роҳбарияти Академия баргузор гардид, ки дар фарҷом тарбиятгирандагон барои пазироии гарм ва шиносиӣ аз Академияи ВКД изҳори миннатдорӣ намуданд.
Мавриди қайд аст, ки чорабинии мазкур дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии тарбиятгирандагон нақши муҳим мебозад.
Асламов Б., Сафарова С., Убайдуллоев Ш.