Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Терроризмро шадидан маҳкум мекунем!

87

Рӯзи 4-уми декабри соли 2019 тибқи нақша-чорабиниҳои Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Чумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб) дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб мизи мудаввар дар мавзӯи «Терроризм ва экстремизм - зуҳуроти номатлуби замони муосир» бо ҷалб ва иштироки як гурӯҳ афсарону кормандон, курсантон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мазкур баргузор гардид.

Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Коллеҷи омӯзгорӣ оид ба тарбия Талбаков Қаюм оғоз намуда, аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин ёдрас намуданд. Қайд гардид, ки имрӯз масъалае, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ин терроризм, экстремизм ва сепаратизм мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб ба амнияти ҷаҳони муосир таҳдид менамояд. Мо насли ҷавони имрӯза набояд ба ин бетарафӣ зоҳир намоем, балки баҳри решакан намудани он муборизаи беамон барем.
Муалими-методисти Шуъбаи таълими Коллеҷи милитсия лейтенанти калони милитсия Насурзода Ҳукуматулло Асадулло бо маърӯза баромад намуда, доир ба давраҳои паҳншавии хатари терроризм қайд карда гузашт. Дар идомаи чорабинӣ муаллими кафедраи фанҳои умумитахассусӣ, лейтенанти милитсия Меҳрубони Ҷумъа вобаста ба роҳҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бахусус ҷавонон ва наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав маърӯза намуд.

8889

Баъдан курсанти курси 4 Коллеҷи милитсияи ВКД Қаландарзода О. дар мавзӯи «Терроризм ва экстремизм - падидаи номатлуби замони муосир», курсанти курси 3 Ҷамшеди Ҷ. дар мавзӯи «Terrorism in Tajikistan», курсанти курси 3 Каримов М. дар мавзӯи «Муносибати давлат бо дин ва созмонҳои динӣ», курсанти курси 4 Шарифзода М. дар мавзӯи «Кибертерроризм - проблемы современного общества» ва курсанти курси 1 Каримова С. дар мавзӯи «Терроризму ифротгароӣ, созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва амалҳои даҳшатовари онҳо» маърӯзаҳо пешкаш намуданд. Дар охири чорабинӣ байни иштирокчиён музокираҳо дар мавзӯи мизи мудаввар доир гардид.

Муаллим методисти Шуъбаи
таълими Коллеҷи милитсия,
лейтенанти калони милитсия Насурзода Ҳ.А.
Курсантони Коллеҷи милитсия: Каримов М.,Ҷамшеди Ҷ.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...