Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МО ҲОМИЁНИ БОЭЪТИМОДИ ХАЛҚУ ВАТАНЕМ!

1027873427Кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри сипаришуда, вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд. 

Эмомалӣ Раҳмон

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон мавқеи мақомоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, яъне нақши кормандони милитсия бағоят равшан падид омада, ҷомеа дар раванди оромиву осоиштагӣ ва амну субот ҷойгоҳи устувори хешро гирифт. Дар ҳаёти имрӯз мавқеъ ва мақоми кормандони милитсия густариш ёфтаву устувор гардидааст ва ифодаи хеле муъҷазу хушсадои «милитсияи ман - ҳимоятгари ман» вуҷуди мардумонамонро фарогир аст.
Ҳама кормандони ин мақомоти бонуфуз ва ҳар як шахси либоси низомии милитсияро ба бар карда хуб эҳос менамоянд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин мақомоти бонуфуз, кормандони милитсия басо ғамхориву дастгириҳои вусъатпазир менамоянд. Сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами маҳбубамон ҳар як корманди милитсияро уҳдадор месозад, то ба қавлу қасами касбӣ муҳаббату меҳр доштану содиқ будан рисолаташон бошад.
Мусаллам аст, ки таҳкими фаъолият, бунёди инфрасохтор ва иқтидори баланд касб кардани мақомоти корҳои дохилӣ таҳти роҳнамоӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти маҳбуби кишвар имконпазир гардидааст. Дар ин замина Вазорати корҳои дохилӣ ба яке аз сохторҳои муҳими давлатӣ табдил ёфта, дорои базаи мустаҳками кадрӣ, таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, бинову иншооти замонавӣ ва кормандони аз лиҳози донишу малакаи касбӣ, пешрафта гардид. Имрӯз мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимод, кафили амнияти дохилии кишвар ба шумор меравад. Он дар муқовиматҳои шадиди ҷанги шаҳрвандӣ ва муборизаи пай дар пай ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, террористон, қочоқчиёни маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа обутоб ёфта, таҷрибаи баланди касбӣ пайдо кард.
Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ва дастгирии моддиву маънавии ҳайати шахсӣ ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматии хеш боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд.
Табиист, ки кормандони милитсия дар баробари ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳамзамон, дар бунёду ободкории кишвар саҳми назаррас доранд.
Баҳри амалигардонии ислоҳот дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» амал менамояд. Дар ин замина Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи ислоҳоти милитсия ва нақшаи чорабиниҳо оид ба табиқи он» низ тасдиқ гардидааст. Дар самти татбиқи фармон ва Барномаи мазкур мо вазифадорем.
Афзудани эътимоду боварии мардум ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва робитаи бештари онҳо бо милитсия аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон дар симои кормандони милитсия ҳимоятгари ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботу оромиро дар ҷомеа дида, ҳамкории худро бештару беҳтар менамоянд.
Дар ин самт масъулият беш мегардад. Бинобар ин мо кормандони ҷавони милистия ба ин эътимод ва боварии мардум амал намуда, рисолати касбӣ ва уҳдадориҳои худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро ва дар таъмини сулҳу субот, оромии ҷомеа ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ саҳми арзандаи хешро мегузорем.

Ҷумаев Туйхон, шунавандаи курси тайёрии ибтидоии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
сержанти хурди милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...