Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузор гардидани он-лайн конференсияи байналмилалӣ

332

Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш.Уфа, ки 14 апрели соли 2017 ба имзо расида буд, санаи 25-уми ноябри соли 2019 конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Воситаҳои ҷиноятӣ-ҳуқуқии муқовимат ба ҷинояткорӣ» (Уголовно-правовые средства в борьбе с преступностью) дар режими он-лайн гузаронида шуда буд. Дар конференсияи мазкур инчунин, Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи М. Букенбоеви ш. Актобе, Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Қазон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи А.Алиев иштирок намуданд.

334

Конференсияи мазкур бо истифода аз барномаи интернетии «TrueConf» баргузор гардид.
Бо суханҳои ифтитоҳӣ сардори Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш.Уфа, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники политсия Ханахмедов А.С., муовини сардори Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Қазоқистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ Сулейманов Г.Ж. ва сардори ШТИ ва ТН Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Мансурзода А.М. баромад намуданд. 
Дар рафти конференсия масъалаҳои роҳу усулҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла, масъалаҳои истифода намудани институтҳои шарикӣ ва давраҳои содир намудани ҷиноят дар бандубасти бетартибиҳои оммавӣ, масъалаҳои бандубасти ҷинояти одамрабоӣ дар қонунгузориҳои ҷиноятии давлат-иштирокичиёни ИДМ, иҷрои баъзе аз намудҳои ҷазои ҷиноятӣ, муқовимат бар зидди киберҷиноятҳо ва ғайра баррасӣ гардиданд. 
Аз номи Академияи ВКД муовини сардори факултети №2 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, капитани милитсия Бухоризода Б.Р. бо маърӯза дар мавзӯи «Оид ба масъалаи ҷудо намудани савдои одамон аз савдои кӯдакон дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» («К вопросу отграничения торговли людьми от торговли детьми по Уголовному кодексу Республики Таджикистан») баромад намуд. 
Баъд аз анҷоми маърӯза аз тарафи омӯзгорон ва мутахассисони муассисаҳо-иштирокичиёни конференсияи он-лайн оид ба хусусиятҳои мубориза бар зидди савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дигар саволҳо вобаста ба ин масъала пешниҳод шуданд.

335

Бояд гуфт, ки аз рафти конференсияи мазкур меҳмонони хориҷӣ – намояндагони Коллеҷи полиси Қатар, ки ба Академияи ВКД ташриф оварданд, мушоҳида намуда, ба ин намуди ҳамкорӣ мароқи бештар зоҳир карданд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...