Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами давлатӣ – ҳастии миллати тоҷикон

387

Парчам, дирафш, ливо ё байрақ мафҳуми ягона буда, дар маҷмӯъ маънии шинохти давлату миллатро дорад. Парчам ва парчамдорӣ ҳанӯз пеш аз мелод дар китоби «Авасто» зикр гардида, баъдан дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар достони «Коваи оҳангар» қисса шудааст. Коваи оҳангар аз кушта шудани ҷавонон ва хусусан фарзандони худ ба шӯр омада, бар зидди Заҳҳок бархост, пешбанди худро сари найза барафрохта, парчам намуд ва зери он мардуми башӯромадаро то дарбори он шоҳи золим бурд. Парчами Кова минбаъд «Дирафши Ковиён» ном гирифт ва чун рамзи мубориза барои озодӣ аз банди зулму истибдод шинохта шуд:
Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.
Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар сӯи дод хонд.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш».
Таърих гувоҳ аст, ки парчамдорӣ эҷоди мардуми форс буда, пеш аз ҳама, ҳастии миллат ва давлатдориро муаяйн мекард. Тӯли таърих давлатҳои Ҳахоманишҳо, Ашкониён, Сосониён ва Сомониён ҳар яке парчамдор буданд.
Парчам рамзи Ватан, номус ва нанги миллат аст. Тоҷикон дар ҳайати Бухорои шариф ва Иттиҳоди Шӯравӣ низ парчами худро доштанд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар як дивизия, полк ё рота, ҳатто шуъба парчами худро дошт ва дар муҳорибаҳо ҳатман парчамбардоре онро чун гавҳараки чашм ва номуси кишвар - Ватан нигоҳдорӣ мекард. Афрохтани парчами Иттиҳоди Шӯравӣ дар боми Рейхстаг рамзи ғалабаи халқи шӯравиро бар фашизм баръало муайян кард. Ҳарчанд дар гӯшаю канори шаҳри Берлин задухӯрдҳо идома мекарданд, аммо барафрохтани парчами Иттиҳоди Шӯравӣ нишони анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Таърих вобаста бо парчам мисолҳои зиёд дорад.
Миллати тоҷик фарҳангофару давлатсоз буд ва ҳаст. Миллатҳое, ки имрӯз қудратро ба даст овардаанд, аз миллати тоҷик сабақи давлатдорӣ-парчамдорӣ омӯхтаанд, ки аз ин бояд фарзанди тоҷик фахр намояд.
Солҳои дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун ҷумҳурии советии сотсиалистӣ вуҷуд доштан парчами Тоҷикистон рамзҳои хоси худро дошт. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидан Тоҷикистон Парчами миллии худро соҳиб гардид ва 24 ноябри соли 1992 Рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шуд. Рангҳои Парчами миллӣ дар худ маъниҳоеро таҷассум менамоянд, ки ба миллати мо қаринанд: -ранги сурх - озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед - сулҳ ва оромӣ, ранги сабз - ободӣ ва ривоҷу равнақро таҷассум менамояд. Тоҷ ва ҳафт ситора, ки дар рӯйи Парчам акс ёфтаанд, рамзи миллати куҳан ва фарҳангофар мебошад.
Парчами миллат боиси ифтихор ва нангу номус аст. Дар мусобиқаҳои варзишӣ, олимпиадаҳои фаннӣ, ҷашну маросимҳои давлатӣ, қабули сарони давлатҳо ва баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ, албатта, дар ҷойи аввал барафрохтани Парчами миллӣ меистад. Парчами миллӣ метавонад дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз Ватану миллат хизмат намояд. Дили мо аз фараҳ пур мешавад, вақте варзишгари тоҷик сазовори ҷойи аввал мегардад ва дар варзишгоҳҳои ин ё он давлат Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта мешавад. Варзишгарон, ҳунармандон, шоирон, олимону эҷодкорон барандагони рӯҳи волои миллатанд ва ҳар як дастоварди меҳнатии онҳо мавриди қадршиносӣ зери Парчами миллат сурат мегирад. Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супоридани мукофотҳо ва унвонҳои давлатӣ зери Парчами миллӣ анҷом мепазирад.
Ба хотири дар сатҳи зарурӣ ҷой додани муқаддасоти миллат - Парчами миллӣ дар пойтахти кишвар, назди Қасри Миллат бо нияти барои асрҳо барҷо мондани давлати тоҷикон дар харитаи ҷаҳон баландтарин поя сохта, Парчами миллӣ дар он барафрохта шуд. Баландии пояи Парчам 165 метр буда, дарозии худи Парчам 50 метр ва паҳноияш 30 метр мебошад. Бунёди пояи Парчам 24 ноябри соли 2010 оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони китоби «Рекордҳои Гиннес» иштирок намуда, ба намояндагони Ҳукумат Шаҳодатномаи рекорди нави ҷаҳониро супурданд. Дар ҷаҳон баландтарин пояи парчамро бунёд кардан ҳам рамзи хоса дорад. Намояндагони миллати сарбаланди тоҷик имрӯз дар тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла дар қитъаҳои Амрико, Африқо, Аврупо, Осиёи хурду миёна ва кишварҳои арабию Чину Ҷопон кору зиндагӣ доранд. Баландии поя ва Парчами миллат рамзи он аст, ки сояи Парчами миллат дар тамоми олам бар сари ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ партавафшон бошад.
Ҳамин тариқ, Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.
Аҳмадзода Х.З., корманд – мутахассиси кафедраи фанҳои ҳарбӣ – хизматии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...