Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷашни иди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст. Бар асоси ин пешниҳоди Сарвари давлат ба парлумон ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» иловаҳо ворид гардидааст ва тибқи он ҳар сол Рӯзи Парчам 24 – уми ноябр таҷлил гирифта мешавад.

321

Санаи 23 – уми ноябри соли ҷорӣ дар факултети № 4 Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил карда шуд. Зимни оғози чорабинӣ аз тарафи муовини сардори факултет, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ғафуров М.С., баромад намуда, зикр кард, ки маъракаҳои идона ба ифтихори Рӯзи Парчам дар Тоҷикистон ҳанӯз якчанд рӯз қабл оғоз шудааст. Парчами давлатии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст ва шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзии миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад. Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии миллат гувоҳӣ медод. Парчам ҳанӯз аз замонҳои қадим рамзи давлатдори шукуҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз он гувоҳӣ медиҳад.
Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдоди мо ҳанӯз аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлатии онҳоро ифода мекард. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории Ориёӣ қабул карда мешавад. Дирафши Ковиён то замони суқути давлати Сосониён Дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони тоҷикон будааст.
Дар давоми чорабинӣ муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, капитани милитсия Баҳодурзода М, дар мавзӯи «Парчам - рамзи сарбаландии миллат» ва Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, зимнан иброз дошт, ки ҳар як фарди ҷомеа, бахусус шогирдони ин мактаби олӣ, ояндасозӣ миллат бояд аз Парчами миллии худ ифтихор намояд ва эҳтироми онро ҳамчун рамзи пойдории давлату миллат ба ҷо оварад. Зеро эҳтирому арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ва сарчашмаи ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ мебошад.

322

Дар идомаи чорабинӣ аз тарафи санъаткорони шаҳри Хуҷанд барномаи консертӣ намоиш дода шуд, ки муҳтавои он саршори садоқатмандӣ ба Ватани маҳбуб ва ватанпарастӣ буд.
Чорабинии мазкур хеле хуб ба анҷом расид.

Муаллимаи кафедраи тайёрии
ибтидоӣ ва такмили ихтисос,
капитани милитсия Баҳодурзода М

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...