Таҷлили бошукуҳи Иди Парчами давлатӣ дар Академияи ВКД
Санаи 23-юми ноябри соли ҷорӣ дар толори фарҳангии Академияи ВКД, ки бо Парчами давлатӣ қабои идона ба бар намуда буд, бо ширкати васеи роҳбарият ва ҳайати шахсӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Парчами мо - ифтихори мо» баргузор гардид.
Чорабинии бошукуҳро муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким кушода, аз номи Вазири корхои дохилӣ ва сардори Академия ҳайати шахсиро самимона бо ин рӯзи мукаддас табрик намуд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ созмон дода шуда, дар он омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ подполковники милитсия Самиъзода Б.С., омӯзгори калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқукӣ, капитани милитсия Қодирзода Ғ.Н., омӯзгори кафедраи фанҳои давлатӣ - ҳуқуқӣ, лейтенанти калони милитсия Ҷалолзода С.И., омӯзгори ҳамкори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Ҳамрозода М., курсанти курси якуми факултети №2 Холиқов Б.А. дар мавзӯъҳои гуногун дар бораи таърих ва аҳамияти Парчам дар ташаккули ҳуввияти миллӣ баромад намуданд.
Дар фарҷоми чорабинии идона гурӯҳи курсантон дар бораи Парчами давлатӣ шеърҳо қироат намуда, дастаи ҳаваскорони Академия бо барномаи фархангӣ хотири ҳозиринро шод намуда, роҳбарияти Академия бори дигар ҳайати шахсиро бо ин санаи муборак 24-уми ноябр - Рӯзи қабули Парчами давлатии Тоҷикистон самимона табрик намуданд.
Рӯзи Парчами миллӣ дар Академияи ВКД дар руҳияи идона ва шодию нишот аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гардид.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э., Ҳайдарзода О.Х.