Мизи мудаввар дар мавзӯи «Ливои миллат – рамзи давлатдорӣ»
Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети №4 Академияи ВКД бо шунавандагони курсҳои тайёрии ибтидоии семоҳа бо ташаббуси кафедраҳои фанҳои ҷамъиятӣ ва тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос мизи мудаввар ташкил карда шуд.
Чорабинии мазкурро муовини сардори факултет оид ба қисми таълим, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ғафуров М.С. ҳусни оғоз бахшид. Зимнан қайд карда шуд, ки Парчами давлатӣ на танҳо яке аз рамзҳои давлат маҳсуб меёбад, балки арзиши олии давлатдорӣ низ мебошад. Эҳтироми парчам ин эҳтироми давлату давлатдорист.
Сипас муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ лейтенанти калони милитсия Самадзода И. доир ба мавзӯи «Ливои миллат - рамзи давлатдорӣ» баромад кард.
Муаллими кафедраи ҳарбӣ-хизматӣ подполковники милитсия Исмоилзода О. дар бораи ҳифзу арзишҳои Парчами ҷангӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ маълумот дод.
Дар атрофи маърӯзаҳои мазкур дар байни устодон ва шунавандагон мубоҳиса оғоз гардид. дар баробари ин Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар охири чорабинӣ аз тарафи муовини сардори факултет оид ба қисми таълим, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ғафуров М.С. хулосаи мизи мудаввар ҷамъбаст карда шуд.
Абдулатифов У.Ҳ. – сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, номзади илмҳои фалсафа, полковники милитсия