Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!
Рӯзи 22-юми ноябр дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба муносибати «Рӯзи Парчами давлатии Чумҳурии Тоҷикистон» конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Парчам рамзи давлатдорӣ» бо иштироки ҳайати шахсӣ ва омӯзгорону курсантони факултети №4-уми Академияи ВКД баргузор гашт.
Баъди ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ва аз ҷониби ҳайати шахсӣ зинда сароидани Суруди миллӣ муовини сардори Раёсати мазкур полковники милитсия Ализода Музаффар Нормуҳаммад ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида ҳозиринро ба ин ҷашни миллӣ, ки таҷассумгар ва эътирофкунандаи миллату давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мебошад табрик намуд.
Тавре таъкид рафт чорабинии мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ - Парчам, ки Тоҷикистонро дар арсаи олам ҳамчун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ мекунад, ташкил шуд.
Дар қисмати илмии чорабинӣ муовини сардори Раёсат полковники милитсия Ҳасанзода Мустафо Азизулло ва муовини сардор оид ба таълими факултети №4-уми Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ подполковники милитсия Ғафуров Меҳриддин Сироҷиддинович маъруза намуданд. Оид ба таърихи парчамдории тоҷикон, қабули рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, нақши Парчам дар муаррифии давлату миллат, Парчам ҳамчун рамзи сарбаландии халқ ва дигар мавзӯҳои вобаста ба Парчами давлатӣ ба ҳозирин маълумот дода шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки аввалин парчами миллии тоҷикон ин «Дирафши Ковиён» буда то ба имрӯз, яъне Парчами давлатии замони Тоҷикистони соҳибистиқолол мардуми тоҷик 10 маротиба парчами миллии хешро, ки муаррифкунандаи ормонҳои тоҷикон мебошад, таҳия ва қабул намудаанд.
Дар рафти чорабинӣ аз мақому манзалати Парчам ёдоварӣ намуда таъкид гардид, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати худ сарбаландии мардуми кишвари соҳибтамаддунамонро ифода намуда моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят мекунад. Ва ҳар як ранги дар Парчам тасвир шуда аломати худро доро буда баёнгари роҳи тайнамудаи давлатдорӣ, орзӯю ормонҳои халқ мебошад.
Аз соли 2009 инҷониб бо пешниҳоди ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол 24-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносӣ, Ватандӯстӣ ва ифтихор аз арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ мебошад.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия