Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии сардорони ШВКД бо курсантон

383

Дар асоси иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд ва супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар заминаи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кадрҳои роҳбарикунанда бо сардорони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳо идома дорад.
Баҳри тақвияти робитаи назария бо амалияи мақомоти корҳои дохилӣ рӯзи 21-уми ноябри соли ҷорӣ вохӯрии сардорони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо курсантони курси 3-юми факултети №2 Академияи ВКД баргузор гардид.
Сардорони ШВКД-ҳо ба курсантон оид ба талаботи Вазорати корҳои дохилӣ, риояи қонуният ва интизоми хизматӣ, донистани ҳуҷҷатнигорӣ ва чолокию ҷасурӣ ба роҳи дурусти донишандӯзӣ ва тарбияи тамоюли касбии кормандони милитсия тавсияҳои муфид доданд.

384

Сардорони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои МКД, ташкили корҳои тарбиявӣ, ғамхориҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сӯҳбатҳои муфид намуданд.
Бозоралӣ Асламов, Шавкат Убайдуллоев, Саида Сафарова.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...