Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи сардори Академияи ВКД Россия дар шаҳри Волгоград ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

378

Дар доираи муносибати дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамгироии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия рӯзи 18-уми ноябри соли ҷорӣ сардори Академияи ВКД-и Россия дар шаҳри Волгоград, ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсияи Россия, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, генерал-майори политсия Третяков Владимир Иванович бо корманди шуъбаи робитаҳои байналмилалии Академияи мазкур Мамыкин Александр бо сафари корӣ ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Чун анъана аз рӯи сунати меҳмоннавозии тоҷикона меҳмонони олиқадрро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва дастаи қараули фахрии Академия аз ҳисоби курсантдухтарон бо тантана пешвоз гирифтанд.
Дар доираи робита ва табодули таҷриба байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Россия дар шаҳри Волгоград шартномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ имзо гардид.
Третяков Владимир Иванович аз бинои Академия ва толорҳои асосии он дидан намуда, изҳор дошт, ки роҳбарияти давлат ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат бо санъати баланди меъморӣ барои таълиму тарбия барои курсантону омȳзгорон шароити замонавӣ муҳайё намудаанд.
Дар навбати худ сардори Академияи ВКД изҳор намуд, ки сафари кории Шумо ба ифтитоҳи бинои нави яке аз факултетҳои муҳим - «тайёр намудани кадрҳои оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» рост омад, ки рӯзҳои наздик он ба таври расмӣ кушода мегардад.

379380381

Сипас, меҳмонони олиқадр дар конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Кори конференсияро сардори Академияи ВКД бо сухани мақаддимавӣ оғоз намуда, иброз дошт, ки риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкории муассисаҳои таълимии мо рушд менамояд, ки мо аз ин ифтихор менамоем.
Сипас, сардори Академияи ВКД Россия дар шаҳри Волгоград Третяков Владимир Иванович дар мавзȳи «Махсусиятҳои омода намудани кадрҳои политсияи Академияи ВКД Россия дар шаҳри Волгоград» маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, иброз кард, ки мо аз он ифтихор дорем, ки намояндагони Тоҷикистон дар факултетҳои Академияи мо бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, ҳамчун хатмкунандаи муассисаи таълимии мо барои идомаи хизмат ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бармегарданд. Сол то сол шумораи онҳо зиёд шуда, дар оянда низ мо ҳамкориҳоро тақвият медиҳем.
Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикимстон ба меҳмони олиқадр барои маърӯзаи пурмуҳтаво изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки Академияи ВКД Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар ҳама самтҳо бо Академияи ВКД Россия дар шаҳри Волгоград омода аст.

382

Дар конференсияи мазкур олимону профессорони Академия дар мавзȳъҳои омода намудани кадрҳои баландихтисос ва раванди ислоҳоти милитсия маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Асламов Б., Убайдуллоев Ш., Сафарова С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...