Ширкати ҷавонони Академияи ВКД дар чорабинии бошукӯҳ бахшида ба «Рӯзи Президент»
Таҳти роҳбарии сардори шуъбаи кадрҳои Академияи ВКД полковники милитсия Абдуллозода А.Ё., сардори воҳиди таълимӣ-низомӣ полковники милитсия Маҳмадзода С.Т., раиси Шӯрои ҷавонони Академияи ВКД Мардонов С., корманди маркази матбуоти Академияи ВКД Сафарова С.Н., курсантони Академия дар чорабинии бошукӯҳ бахшида ба «Рӯзи Президент» дар назди бинои Театри давлатии академикии ба номи устод С.Айнӣ, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,ходимони чамъиятию сиёсӣ созмон дода шуда буд, ширкат варзиданд.
Намояндагони кулли ҷавонони ҷумҳурӣ дар вазъияти тантанавӣ «Рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон»-ро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифтанд.Дар фарҷоми чорабинии бошукӯҳ барномаи рангоранги фарҳангӣ пешниҳоди ҷавонон гардид.
Чорабинии бошукӯҳи мазкур дар тарбияи маънавию сиёсии чавонон таъсири амик гузошта, бо руҳбаландии том бо дастгирӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дер боз дар лавҳи хотири ҷавонон боқӣ хоҳад монд.
Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.,Сафарова С.Н.