Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Президент» дар Академияи ВКД

377

Рӯзи 16-уми ноябр дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД бо иштироки сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, роҳбарон, омӯзгорону курсантон ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Ҳамоиши тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сардори Академия ҳозиринро бо ин рӯзи муборак табрику таҳният намуда, дар бораи заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.

242

Аз ҷумла иброз дошт, ки маҳз бо хизматҳои шабонарӯзии ин шахси наҷиб мо имрӯз дар фазои сулҳу вахдати миллӣ умр ба сар бурда, аз дастовардҳои Истиқлол баҳравар гаштаем. Агар мо ба таърихи навини Тоҷикистон назар афканем, мебинем, ки маҳз бо ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон Истиқлолияти кишвар на танҳо ҳифз гардид, балки роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқукбунёд ва дунявиро пеш гирифта, Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёрро қабул намуд, ҳазорон иншоот, нерӯгоҳҳо, роҳҳо, мактабу шифохонаҳо бунёд гашта, Артиши миллӣ ва сохторҳои қудратӣ муҷаҳҳаз гардиданд, аз ҷумла бинои нави таълимии Академия ВКД мисоли барҷастаи он аст. Барои ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат мо бояд миннатдор бошем ва пайваста таълиму тарбияи насли ҷавонро равнақ бахшем.
Сипас ходими калони илмии Академияи ВКД полковники милитсия Асламов Б.С. дар мавзӯи «Фаъолияти ҷамъиятию сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» маърӯзаи муфассал намуда, иброз дошт, ки «Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси кордону дилсӯз фаъолияташро аз солҳои 80-уми асри 20, ки он замон депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, оғоз намуда, дар иҷлосияҳои он бо маҳорати хос дар бораи проблемаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳои пурмазмун намуда, диққати депутатҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба худ ҷалб менамуданд.
Пешнҳоди ин шахси наҷиб ба раисии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд бахти миллати тоҷик буд. Дар ин лахзаи ҳассос ва хавфнок ягон ходимони пешинаи сиёсӣ ва командирҳои саҳроӣ ҷасорат накарданд, ки роҳбарии давлатро ба уҳда гиранд, ба истиснои Эмомалӣ Раҳмони қавииродаю ҷасуру ҷавон. Тоҷикистон дар ҳалқаи ҷанги дохилӣ, гуруснагӣ, қашоқӣ ва муҳосира қарор дошта, шаҳрвандони он дар кишварҳои хориҷӣ муҳоҷири иҷборӣ гардида буданд. Маҳз дар чунин вазъи ногувор ва номуайянӣ, ноумедӣ Эмомалӣ Раҳмони ҷавон ҷасорат намуд. Мардуми Тоҷикистон аз анархия монда шуда буданд, ӯ тавонист ҷангро хотима диҳад, сулҳро барқарор созад ва муҳоҷиронро ба Ватан баргардонад».

243244

Дар фарҷоми ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент ҳайати шахсии Академия ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Муссалаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суханҳои «Шараф! Шараф! Шараф!» нидо намуда, аз таҷлили Рӯзи Президент шодию фараҳмандӣ намуданд.
Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э., Маркази матбуоти Академияи ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...