Маросими хатми курсҳои такмили ихтисос дар самти фаъолияти Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон
Тибқи реҷаи тасдиқгардидаи Вазири корҳои дохилӣ аз санаи 14-уми октябр то 14-уми ноябри соли 2019, дар заминаи кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони самти фаъолияти Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД ба дарс фаро гирифта шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мувофиқи ҷадвали дарсӣ барои гузаронидани машғулиятҳо дар курси мазкур мутахассисони варзидаи соҳа ба шогирдон дарс гуфтанд.
Санаи 14-уми ноябри соли 2019 бо иштироки сардори факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Амрудинзода М.А. маросими тантанавии супоридани сертификатҳо ба хатмкунандагони курси такмили ихтисос баргузор гардид.
Сардори факултети №3 номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Амрудинзода М.А. зимни супоридани сертификатҳо хатмкунандагонро ба муносибати хатм намудани курси якмоҳаи таҳсил табрик гуфта, ба онҳо дар кори пурмасъули бар зимма доштаашон баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, инчунин тарбияи насли наврас, барору комёбиҳо таманно намуд.
Ҳалимзода Д.Д.