Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

362Аз таҷрибаи рӯзгори башарият маълум аст, ки дар ҳар як давраи таърихӣ барои берун кашидани ҷомеа аз мушкилоти сиёсӣ ва умуман буҳрони маънавӣ, шахсиятҳое ба арсаи сиёсат падид меоянд, ки бо пайкори хеш дар сарнавишти халқу миллатҳо нақши бузург мегузоранд.

Бинобар ин, бешак миллати соҳибназари тоҷик ва тоҷикистониён гуфта метавонанд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте мебошанд, ки бақои миллати тоҷикро дар мушкилтарин лаҳзаҳои давлатдорӣ таъмин намуда, дар таҳкими Истиқлолият ва таъмини ваҳдати комили ҷомеа, нақши асосӣ доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо ба истиқболи таҷлили 30 юмин солгарди Истиқлолияти давлатии хеш устуворона қадам мегузорад. Дар ин давраи кутоҳи таърихӣ, Тоҷикистон роҳи бисёр мураккаб ва печидаеро пушти сар намуда, аз оташи чандин буҳронҳои амиқи сиёсию иқтисодӣ гузашта, имрӯз ҳамчун як кишвари дорои амният ва суботи комил дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Вақте дар бораи роҳи тайшуда, гузаштаву имрӯз ва дастовардҳои бунёдии кишвар дар ин марҳила сухан меравад, бешубҳа симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд.
Шахсе, ки дар марҳилаи мураккабтарини таърихи давлату миллат масъулияти сарварии кишварро ҷасурона ба даст гирифт ва бо талошу иродаи бемисли худ боиси наҷоти киштии шикастаи давлатдории тоҷикон шуд. Дар натиҷа Тоҷикистон на танҳо ҳамчун давлат наҷот ёфт, балки ба як силсила дастоварди бунёдие, ки барои сарнавишти давлату миллати мо аҳамияти бисёр муҳим доранд соҳиб гардидааст. Зеро бо дарк, муқоиса ва ҷамъбасти дастовардҳо метавон дарёфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари пурталоши он чӣ роҳеро тай карда ва чӣ дастовардҳои азимеро ноил шудаанд. Дар ин асос метавон дарёфт, ки сабаби эҳтироми амиқ ва эътимоди устувори мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони асили бурунмарзӣ ба Пешвои миллати худ муҳтарам Эмомали Раҳмон, маҳз дар талош ва ҷонсупурдагиҳои бемисли ин шахсияти таърихӣ дар роҳи эъмори давлатдории миллӣ мебошад.
Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте масъулияти зимомдориро бар уҳда гирифтанд, ки кишвар дар оташи ҷанг месухт ва ба гирдоби нобудӣ фуру мерафт.
Хушбахтона бо заҳмат ва талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва умуман мардуми меҳнатдуст ва сарбаланди тоҷик, ин вазифаи таърихӣ иҷро гашта, давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Маҳз яке аз масъалаҳое, ки барои мондагории чеҳраи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи халқи тоҷик мусоидат намудааст, ҳамин омил мебошад. Зеро баъди ҳазор сол имконияти таърихӣ ба вуҷуд омад, ки тоҷикон бо номи миллати хеш давлати миллиро бунёд намоянд. Бинобар ин Тоҷикистони тозаистиқлол агар дар натиҷаи буҳрони сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ давлати миллии худро аз даст медод, ҳеҷ гоҳ насли имрӯзу ояндаи ин миллату давлат моро намебахшид.
Инчунин, зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист, ки мустақилона тамомияти арзии хешро ҳифз намуда, умедвории ояндаро дар зеҳни шаҳрвандони кишвар ба вуҷуд оварад. Ҳамзамон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ системаи фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро мукаммал, барқарор ва бунёд намуд. Барои мисол мо метавонем аз барқарорсозӣ ва бунёди Артиши миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар ёдовар шавем. Яъне ҳолати мазкур бе дарназардошти меросбарӣ аз давлати абарқудрати Шӯравӣ ва аз пояи сифр оғоз карда шуд, ки дар ин ҷода низ иродаи қавӣ ва мавқеи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ раҳмон хело барҷаста мебошад.
Масъалаи бунёди мактаби миллии давлатдорӣ, таъмини Ваҳдат ва суботи комили ҷомеаи Тоҷикистон, бунёди зерсохторҳои ваҳдати миллӣ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистон, эҳё ва меросбарӣ аз арзишҳои фарҳангиву таърихии миллат ва дигар дастовардҳо низ аз муҳимтарин комёбиҳое мебошанд, ки бо азму талош ва ҷонисориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ раҳмон ба даст омадаанд.
Ҳамзамон таъкид намудан лозим аст, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи як миллату давлат маҳдуд набуда, балки фарогири ҷомеаи инсонӣ мебошанд. Барои мисол мо метавонем аз чанд масъалаи муҳим, аз ҷумлаи ҳимояи дини мубини ислом дар сатҳи ҷаҳонӣ, пешниҳоди ҳалли масъалаи об дар сайёраи инсонӣ, пешгирии хатари интишори терроризм ва ифротгарои дар минтақа ва ҷаҳон ёдовар шавем.
Ҳоло бошад, сарфи назар аз ҳама таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари баркамол дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ Тоҷикистонро тун узви сарбаланди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо камоли масъулият муаррифӣ менамоянд.
Вале масъалаи мазкур муттаҳидӣ ва амали дастаҷамъонаро дар партави сиёсати одилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарчи бештар талаб намуда истодааст.
Бо назардошти ин омил ҳар як фарди огоҳи ҷомеаро, алалхусус мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро зарур аст, ки ҳарчи бештар қобилияту истеъдоди худро дар муқовимат бо чунин зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир сарф намоем. Чунки раванди бо сурат инкишоф ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ, раванди бегонашавӣ набуда ба асли шинохти арзишҳои миллии хеш бозгаштан аст. Дар акси ҳол ҳеҷ миллату давлат наметавонад бидуни шинохти арзишҳои инсонӣ ва миллии хеш дар ин росто истодагарӣ намояд.
Самиъзода Б.С., омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...