Чорабинии идона бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Рӯзи 15-уми ноябри соли 2019 дар майдони сафороии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии идона баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро сардори факултет, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён Пӯлод Асадулло ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи ҳозиринро бо ин рӯйдоди воқеан таърихӣ табрик намуд ва доир ба таҷлил гардидани «Рӯзи Президент» маърӯза намуд. Ӯ дар баромади худ қайд кард, ки санаи 16-уми апрели соли 2016 ба Парлумони кишвар тағйирот ворид карда шуд, ки аз он рӯз то инҷониб 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шудааст.
Сипас, сухани навбатӣ дар мавзӯи «16-уми ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, лейтенанти калони милитсия Ибодзода М.А., дода шуд.
Мавсуф зимни маърӯзаи худ қайд кард, ки бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» пазируфта шудааст.
Зимни баромади худ, лейтенанти калони милитсия Ибодзода М.А., қайд намуд, ки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватану фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки ба андешаи ман барои тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат ҷой надорад, зеро чӣ тавре ки мо огаҳӣ дорем аз ҷониби Кумитаи Академияи Шӯрои Аврупо Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори ҷоизаи «Пешвои асри 21» гардид.
Пешвои миллати мо содиқи ин миллат аст,
Мо ҷавонон пайрави ин пешвои миллатем!
Дар чорабинии идона сарояндаи шинохтаи вилояти Суғд Макимов Рустамҷон бо сурудҳои худ табъи ҳозиринро шод намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ сардори факултет полковники милитсия Насуриён П.А. чорабиниро ҷамъбаст намуда, ҳозиринро бо «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно намуд.
Хонкилдиев Азизҷон Баҳодурович, корманд-мутахассиси кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия.