Вохӯрии муфид оид ба ислоҳоти милитсия бо аҳли ҷамоатчигӣ
Рӯзи 13-уми ноябри соли равон бо иштироки сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Шохмансури шаҳри Душанбе полковники милитсия Ваҳобзода Б.Б., сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе полковники милитсия Саидзода М.М., сардори ШХМ полковники милитсия Мирзоев А., сарнозири минтақавӣ подполковники милитсия Ҷумахони Маҳмадулло, нозири минтақавӣ капитани милитсия Маҳмадҷонзода Б. дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муфид оид ба ислоҳоти милитсия бо аҳли ҷамоатчигии маҳаллаи Мастонгулов-3, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур оид ба робитаи милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус терроризму экстремизм, ҳамкорӣ бо сохторҳои милитсия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сокинони маҳалла аз вохӯрии мазкур қаноъатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки кормандони Академияи ВКД ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД- 2 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо онҳо дар робитаи доимӣ қарор дошта, минбаъд низ ҳамкориро густариш хоҳанд дод.
Дар интиҳои вохӯрӣ миёни аҳли ҷамоатчигӣ ва кормандони милитсия саволу ҷавобҳо сурат гирифта, иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои марбут ба раванди амалишавии ислоҳоти мититсия маълумоти муфассал гирифтанд.
Сафарова С., Убайдуллоев Ш., Асламов Б.