Андешаҳо перомуни хизматҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
«Тоҷикон бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бурд намуда, корашон омад кард. Дар лаҳзаҳои душвори таърихӣ шахсияте пайдо гардид, ки тақдири ояндаи кишварро ба души худ гирифт. На ҳар кас метавонист, дар ин замони мушкил кишварро нигоҳ дорад».
Якумин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов
«Тоҷикистон намунаи хоси ҳалли муноқишаи дохилиро пешниҳод намуд. Фикр мекунам, ки ин ҳиссаи Тоҷикистон дар таърихи истиқрори сулҳ ба ҳисоб меравад».
Котиби генералии СММ Кофи Аннан
«Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони давлатҳои мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай шаҳодати он мебошад, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳ мегузарад, ки монанди он дар дигар кишварҳои ба низоъ дучор гашта вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад ин намунаи хуб барои бисёр халқҳо ва кишварҳо ба шумор меравад».
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин
Дар симои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърих бори дигар собит сохт, ки наҷоти ҳар як давлату миллат дар лаҳзахои ҳассосу фоҷиабор бо зуҳури шахсияти бузурги миллӣ вобастагии зич дорад… Падид омадани чунин шахсияти барҷаставу нотакрор бахти тоҷикон буд, зеро миллатро сарҷамъ намуд ва ба кишвар Истиқлоли воқеӣ овард.
Раҳмон О.Э., номзади илмҳои ҳукуқ, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Натиҷаи интихоби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон буд, ки рукнҳои ҳокимият дар асоси Конститутсия ба фаъолияти муназзам ва мунтазам оғоз кард…»
Олимов Кароматулло, акдемики Акдемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар ҳамон замон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамин гуна шахсиятҳое ба шумор мерафт, ки ӯ на танҳо таҷрибаи кории хуб, балки андешаи солими ватандӯстӣ ва миллатсозӣ, ҷасорату матонати сарварӣ, дурбинии ҳакимонаи сиёсӣ дошт».
Рамонзода Абдуҷаббор, академики Акдемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
«Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи нави таърихӣ овард…»
Раҳимӣ Фарҳод, академики Акдемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Акдемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гирдоварандагон: Асламов Б.С., Сафарова С.Н.