Хотираҳои неку ҷовидона дар бораи ҷасоратҳои Пешвои миллат
Намояндаи Агентии иттилоотии Федератсияи Россия «ТАСС» дар Тоҷикистон Галина Ивановна Гриднева, ки аз соли 1968 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст, дар бораи ҷасоратҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менависад: «Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахси кордону дилсӯз аз солҳои 80-уми асри 20 мешиносам, ки он замон депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд ва дар иҷлосияҳои он бо маҳорати хос ва бо таври эмотсионалӣ дар бораи проблемаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳои пурмазмун намуда, диққати депутатҳои Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба худ ҷалб менамуданд.
Пешнҳоди ин шахси наҷиб ба раисии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостони Хуҷанд барои ман ғайримуқаррарӣ набуд. Дар ин лахзаи ҳассос ва хавфнок ягон ходимони пешинаи сиёсӣ ва командирҳои саҳроӣ ҷасорат накарданд, ки роҳбарии давлатро ба уҳда гиранд, ба истиснои Эмомалӣ Раҳмони қавииродаю ҷасуру ҷавон.
Тоҷикистон дар ҳалқаи ҷанги дохилӣ, гуруснагӣ, қашоқӣ ва муҳосира қарор дошта, шаҳрвандони он дар кишварҳои хориҷӣ муҳоҷири иҷборӣ гардида буданд. Маҳз дар чунин вазъи ногувор ва номуаяйнӣ, ноумедӣ Эмомалӣ Раҳмони ҷавон ҷасорат намуд. Мардуми Тоҷикистон аз анархия монда шуда буданд, ӯ тавонист ҷангро хотима диҳад, сулҳро барқарор созад ва муҳоҷиронро ба Ватан гардонад. Эмомалӣ Раҳмон ба қавлаш вафо намуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсонест, ки ҳамеша ба қавлаш вафо менамояд. Дар лаҳзаҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо ӯ вохурдам, ки аз Россия бармегаштам. Эмомалӣ Раҳмон ба ман муроҷиат намуда иброз намуданд: «Галина Ивановна баргаштед, дигар намеравед, якҷоя кор мекунем, ҳақиқатро менависед.Чӣ зарурат доред? Дар ҷавоб гуфтам, ки якҷоя кор мекунем, ташаккур ба Шумо ва дастгириатон барои кулли журналистон. Агар имкон бошад алоқаи Ҳукуматиро барқарор намоед. Аҷоиб, баъди баргаштанам ба манзили истиқоматӣ устоҳҳои телефон алоқаи Ҳукуматиро барои ман барқарор намуданд.
Мана ҳамин хел шахси дилсӯзу хоксор аст, Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., тарҷума ва такмил аз русӣ (матни Мавлуда Раҳматова) Маҷаллаи vipzone,№7/2014.-С.66-70.