Мусобиқаи «Футболи хурд» таҳти шиори «Варзиш зидди нашъамандӣ»
Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсияи тоҷик, байни дастаҳои мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд, ҳамчунин тарғибу ташвиқи рушди варзиш ва тарзи ҳаёти солим, аз санаи 1-уми ноябри соли 2019 мусобиқаи варзишӣ дар намуди «Футболи хурд» таҳти шиори «Варзиш зидди нашъамандӣ», ташкил ва гузаронида шуд.
Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 20 дастаҳои футболи шуъбаҳо, ҷузъу том ва сохторҳои Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, иштирок ва қувваозмоӣ намуданд.
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии варзишӣ доварони пуртаҷриба низ даъват шуда буданд.
Дар мусобиқаи мазкур дастаи футболбозони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки дастаҳо тариқи қуръапартоӣ ба чор гурӯҳ тақсим карда шуда, тибқи ҷадвали баргузорӣ мусобиқаҳо оғоз карда шуданд. Дастаи футболбозони факултети №4 дар зергурӯҳи худ ба чор даста ғолиб гардида, ба бозии финалӣ роҳ ёфтанд.
Санаи 12-уми ноябри соли 2019, қувваозмоиҳои финалии мусобиқаи мазкур дар фазои тантанавӣ ва бо иштироки бевоситаи роҳбарияти РВКД дар вилояти Суғд ва факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Раёсат ва курсантони факултет, гузаронида шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар бозии финалӣ ду даста, яъне дастаи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастаи ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд байни худ қувваозмоӣ намуданд, ки дастаи футболбозони факултети №4 бо ҳисоби 5:3 ғолиб гардида, дар байни дастаҳои Шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои РВКД дар вилояти Суғд, чемпиони мутлақ гардиданд.
Ба ғолибони мусобиқа дар фазои тантанавӣ аз тарафи муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, полковники милитсия Ализода М.А. бо ҷом ва медалу ифтихорномаҳо, қадрдонӣ карда шуданд.
Тавре, ки муовини сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, полковники милитсия Ализода М.А. дар суханронии хотимавии худ қайд намуд, варзиш ин гарави саломатӣ буда, дар баробари ба инсон нерӯ бахшидан, инчунин заминаи мусоидате барои сарҷамъӣ, дӯстиву рафоқат, муҳайё месозад.
Курсантони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суханҳои муовини сардори Раёсат ва аз натиҷаҳои мусобиқа руҳу илҳоми тоза гирифта бар онанд, ки минбаъд низ дар чунин мусобиқаҳои пурнуфуз иштирок намоянд.
Муҳаммадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия