Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти навбатии дастаи Варзишии Академияи ВКД

361

Аз санаи 11-уми октябр то санаи 2-юми ноябри соли равон дар майдони варзишии «Спитамен»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рȳзи милитсияи тоҷик таҳти шиори «Милитсия ҳомии ҷомеа» мусобиқаи футболи хурд байни сармарказ, сарраёсат, раёсатҳо ва ҷузъу томҳои ВКД баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа 15 даста иштирок дошта, дастаи Академияи ВКД дар вохурии ниҳоӣ дастаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда, сазовори ҷои аввал гардид, ки бо Ҷом, Диплом, Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сазовор гардиданд.
Ин бори аввал нест, ки дастаи варзишии Академияи ВКД аз намудҳои гуногуни варзиш дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Дар ин ҷода махсусан сардори Академия, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ таваҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар якҷоягӣ бо кафедраи тактикаи махсус омодагии ҷисмонии Академия раванди омодагӣ ва гузаронидани чорабиниҳои варзиширо зери назорати доимӣ қарор додаанд.
Дастаҳои варзишии Академия бо ҷамъияти «Динамо»-и ВКД ва дигар созмонҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ робитаи зичи ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки натиҷаҳои намоёнро ноил гаштааст.
Мавриди қайд аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои курсантону кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамаи шароитҳоро фароҳам овардааст.

594595

Аз ҷониби сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар ҷамъомади тантанвии пагоҳирȳзи «Ҷом ва дипломҳо» ба иштирокчиёни мусобиқаи мазкур сарфароз гардонида шуданд. Ин як туҳфаи хуби варзишгарони Академия ба муносибати Рузи милитсияи тоҷик ба шумор меравад.
Асламов Б., Сафарова С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...