Милитсия такягоҳи боэътимоди давлат
Рӯзи 8-уми ноябри соли 2019 дар майдони сафороии факултети №4 Академияи ВКД, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии идона дар мавзӯи «Милитсияи тоҷик, таърих ва имрӯзи он» баргузор гардид.
Ҷамъомадро сардори факултети №4, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. кушод. Сараввал, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Сардори факултет ҳайати шахсиро бо таъсисёбии милитсияи тоҷик табрик намуда, доир ба фаъолияти милитсия маълумоти мухтасар дод.
Дар ҷамъомади тантанавӣ, сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия Хокироев А.Ю. дар мавзӯи «Аз таърихи милитсияи тоҷик» баромад намуда, маълумотҳои ҷолибро аз таърихи таъсисёбӣ, рушду такомул ва дастовардҳои милитсияи тоҷик манзури ҳозирин намуд.
Дар чорабинӣ собиқадорони факултет иштирок ва баромад намуда, ҳайати шахсиро ба росткорӣ, далерию шуҷоат ва хониши хубу аъло даъват намуданд.
Худи ҳамин рӯз бо ташаббуси кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо кафедраи Фаъолияти маъмурӣ ва мурофиаи маъмурӣ дар маҷлисгоҳи факултет конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Милитсия такягоҳи боэътимоди давлат» баргузор карда шуд, ки дар рафти он устодони кафедраҳои номбурда бо маърӯзаҳо баромад намуда, аз тарафи курсантони курси якум шеърҳои нобу дилнишин дар васфи милитсия қироат карда шуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ, барои кормандон ва курсантони курси якум дастурхони идона густурда шуда, лаҳзаи мусиқӣ ва сурудхонии ҳофизон ба он як таровати тоза бахшид.
Сардори факултети № 4, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А., ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.
Абдуллозода Ф., сардори кабинети кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, лейтенанти милитсия.