Чорабинии идона дар мавзӯи «Милитсияи тоҷик, таърих ва имрӯзи он»
Бояд қайд кард, ки тибқи қарори кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 1924, дар шаҳри Тошканд Комиссариати халқии корҳои дохилӣ ва 18 декабр як зумра кормандони ин комиссариат ба вазифаҳояшон таъин гардиданд.
Рӯзи 25 феврал тибқи фармони рақами 1-и Комиссариати халқии корҳои дохилӣ аз 25 декабри соли 1924, Ижевский Франс Яковлеевич сардори милитсия ҷумҳури таъин гардид. Аз охири моҳи декабри соли 1924 сар карда, ҳайати кормандони Комиссариат дар тараддуди ба Душанбе омадан шуданд ва 1 январи соли 1925 –ум 18 нафар кормандони дастгоҳи Комиссариат аз Тошканд баромада, танҳо 5 феврал вориди Душанбе шуданд. Душанбеи онвақта як деҳаи хурди назарногире буд, ки тақрибан тамоми зонаҳо ва биноҳо похсагин буданд.
Минбаъд то 6 феврали соли 1962 ҳар сол ҳамчун рӯзи кормандони милитсияи тоҷик ботантана қайд карда мешуд. Аз соли 1962 то барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бошад, дар тамоми ҷамоҳири иттиҳод рӯзи милитсия 10 ноябр ҷашн гирифта мешуд, ки ба фикри мо ҳам аз нигоҳи таърихӣ ва ҳам аз лиҳозӣ ҳуқуқӣ дуруст ҳам буд.
Хушбахтона, баъди чанд соли охир пешниҳоди роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии бевоситаи Ҷанобӣ Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз таъриху фарҳанги миллатамон хеле хуб огоҳанд, соли 2012 дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» нисбати рӯзи милитсия тағйирот ворид карда шуда, санаи 6 феврал ба 10 ноябр иваз карда шуд, ки ҳамаи мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ин рӯзи таърихиро қайд намуда истодаем.
Аз ин лиҳоз, рӯзи 8 ноябри соли 2019, дар майдони сафороии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бахшида ба таъсисёбии милитсияи тоҷик чорабинии идона дар мавзӯи «Милитсияи тоҷик, таърих ва имрӯзи он» баргузор гардид.
Ҷамъомадро сардори факултети мазкур, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А., бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд.
Сипас, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, сардори факултет ҳайати шахсиро бо таъсисёбии милитсияи тоҷик табрик намуда, доир ба фаъолияти милитсия маълумоти мухтасар дод.
Инчунин сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия Хокироев А.Ю. дар мавзӯи «Дирӯз ва имрӯзи милитсияи тоҷик» баромад намуда, маълумотҳои ҷолибро аз таърихи таъсисёбӣ, рушду такомул ва дастовардҳои милитсияи тоҷик манзури ҳозирин намуд.
Дар чорабинии идона сарояндаи шинохтаи вилояти Суғд Макимов Рустамҷон бо сурудҳои худ табъи ҳозиринро хуш намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ сардори факултет полковники милитсия Насуриён П.А. чорабиниро ҷамъбаст намуда, ҳозиринро боз як бори дигар бо фарорасии ин ҷашни таърихӣ табрик намуд.
Хонкилдиев А.Б., корманд-мутахассиси кафедраи
фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия