Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

348

Рӯзи 5-уми ноябри соли 2019 дар маҷлисгоҳи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бахшида ба Рӯзи 25 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ аз тарафи кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети мазкур доир карда шуд, ки дар он ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи факултет иштирок намуданд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори факултет оид ба таълим ва илм, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С., оғоз намуда, аҳамияти ин ҷашнвораро дар масири таърих баён намуд.
Сипас меҳмони конференсия Бобоев А., - н.и.ҳ., мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети «Ҳуқуқшиносӣ»-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзӯи «Аҳамияти Конститутсия дар инкишофи ҷомеа ва давлати Тоҷикистон» баромад намуд.
Инчунин муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ лейтенанти калони милитсия Ибодзода М.А., дар мавзӯи «Марҳилаҳои инкишофи Конститутсия» бо маърӯза баромад намуда, фикру андешаҳои худро вобаста ба инкишофи Конститутсия иброз дошт.

349

Баъди баромади маърӯзачиён баҳсу музокираҳо байни курсантони факултет оид ба мавзӯи конференсия доир карда шуд.
Дар хотима, конференсияро муовини сардори факултет оид ба таълим ва илм, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров М.С., ҷамъбаст намуда, ҳозиринро боз як бори дигар бо фарорасии ин ҷашни таърихӣ табрик намуд.
Муроди Б., сардори кабинети кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...