Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳми милитсияи Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар солҳои аввали таъсисёбӣ

346

(Ба муносибати Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик)

Саҳми мақомоти милитсияи тоҷик дар давраи таъсисёбияш дар саҳифаҳои таърихи миллат ҷои намоёнро ишғол менамояд. Аз ҷумла тибқи тадқиқотҳои илмии олимон, академик Бобоҷон Ғафуров, Аҳрор Мухторов, Раҳим Масов, Намоз Ҳотамов, Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Солиев Карим Ҳоҷиевич, Розиқзода Абдулҳаким, Носир Назарзода қаҳрамонии милитсияи тоҷик ва саҳми он дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва барқароркунии сохти Шӯравӣ ва солҳои Истиқлолияти давлатӣ хеле бузург мебошад.
Дар ин ҷода дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби олимон ва муҳаққиқони ин соҳа таҳти роҳбарии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ тадқиқотҳои беназир гузаронида мешаванд. Фанни таърихи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла таърихи милисияи тоҷик ба курсантон омӯхта мешавад. Аз ин лиҳоз чандин монографияҳо, маҷмӯи мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ доир ба таърихи милитсияи тоҷик ва фаъолияти он ба нашр расидаанд. Ин шаҳодати он аст, ки кормандони Академияи ВКД ҳам аз лиҳози ғоявӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ дар муборизаи зидди ҷинояткорӣ устуворӣ ва қатъиян нишон медиҳанд.
Тибқи адабиёти мавҷуда ҷинояткорӣ – яке аз падидаҳои номатлуби ҷомеа башумор рафта, на танҳо ба ҷомеа ва ба давлат хавфнок аст, балки шахсиятро аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва маънавӣ коста намуда, боиси азияти рӯҳию ҷисмонӣ гардида, оқибат ба пушаймонӣ мебарад. Аммо чӣ тавре, ки дар урфият мегӯянд, пушаймонӣ суд надорад. Бар зидди ҷинояткорӣ тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аҳли ҷомеа, ҳар як фарди ватанпарвар муборизаи беамон мебарад. Махсусан дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мақомоти милитсияи тоҷик бар зидди ҷинояткорӣ солҳои тӯлонӣ мубориза бурда, таҷрибаи хеле бой ва рангин дорад.
Мақомоти милитсияи Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбияш ба ақидаи муҳаққиқи барҷастаи таърихи милитсияи тоҷик Розиқзодаи А.Ш. тамоми фаъолияти худро бар зидди ҷинояткорӣ, муҳофизат ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, омӯзиши ҷинояткорӣ ва коркарди усулҳои мубориза ба унсурҳои ҷиноятӣ равона намуда буд.
Ин саҳифаҳои таърихи муборизаи милитсияи Тоҷикистон ба замони Шӯравӣ рост меомад, ки қувваҳои аксулинқилобӣ бар зидди ҳокимияти Шуравӣ баромад мекарданд. Ҳарчанде, ки андешаҳо атрофи ин масъала тобишҳои навро ба худ гирифта бошанд, ҳам ҳеҷ гоҳ, саҳифаҳои дурахшони милитсияи Тоҷикистон аз мадди назари таърих дур нахоҳад монд ва ин як давраи томи таърихӣ аст, ки мақомоти милитсияи тоҷик - ҳамчун милитсияи Шӯравӣ фаъолият менамуд. Дар ин солҳо мақомоти милитсия дар якҷоягӣ ба таври муштарак бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар зидди ҷинояткорӣ мубориза бурдааст. Гурӯҳи муаллифони рус бо роҳбарии Коситсин А.П. давраҳои муборизаи макомоти милитсияи Шӯравиро чунин тақсим намуданд:
Давраи якум, солҳои – 1917-1936;
Давраи дуюм, солҳои – 1936- 1977;
Давраи сеюм, солҳои - 1977- 1987.
Дар давраҳои гуногуни таърихӣ милитсияи Шӯравии Тоҷикистон бар зидди чунин намудҳои ҷиноятҳо мубориза бурдааст:
- мубориза бар зидди қувваҳои аксулинқилобӣ;
- ҷиноятҳои иқтисодӣ;
- мубориза бар зидди маводи нашъадор;
- дуздӣ ва ғоратгарии молу мулки ҷамъиятӣ ва давлатӣ;
- ҷиноятҳои аз рӯи мансаб;
- ҷиноятҳои маишӣ;
- қочоқ дар сарҳадот;
- фаъолияти зиддидавлатӣ ва таъсиси гурӯҳҳои яроқнок.
Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар мадди назари мақомоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ меистод. Санаи 5-уми феврали соли 1925 сохтори дастгоҳи кофтукови ҷиноятии мақомоти милитсияи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон коркард шуда, нақшаи муборизаи зидди ҷинояткорӣ кашида шуд. Натиҷаҳои аввали мубориза бар зидди ҷинояткорӣ хеле ҳам назаррас буданд, ки зарари иқтисодӣ ба маблағи 8-ҳазор рубли ҳамонвақта ба хазинаи давлат баргардонида шуд. Ҷинояткорон бошанд ҷазои сазовор гирифтанд. Гарчанде, ки таъминоти молиявӣ ва хоҷагии мақомоти кофтукови ҷиноятӣ душвориҳо дошт, ба ин нигоҳ накарда, милитсияи тоҷик бар зидди ҷинояткорӣ муборизаи беамон мебурд. Танҳо аз октябри соли 1925 то феврали 1926 дар шаҳри Душанбе 133-ҷиноят содир шуда буд, ки аз онҳо 48 дуздӣ, 5-то ғоратгарӣ, 12-то куштор ва дигар боқимонда ҷиноятҳо буданд, ки аз онҳо ҳамагӣ 67-то ҷиноят кушода шуда буданд.
Душвориҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар он буд, ки мутахасисони тоҷик дар мақомоти милитсия намерасиданд, дар мақомоти кофтукови ҷиноятӣ низ воҳидҳои корӣ ва кадрҳои миллӣ кам буданд. Бисёриҳо бошад ба кори мақомоти кофтукови ҷиноятӣ сарфаҳм намерафтанд. Муассисаҳои таълимии тайёр кардани кадрҳо мавҷуд набуд. Ба душвориҳои мавҷуда нигоҳ накарда, мақомоти милитсияи тоҷик дар солҳои аввали таъсисёбии худ тамоми чораҳоро бар зидди ҷинояткорӣ равона намуда, дар мустаҳкам намудани пояҳои давлати Тоҷикистон дар солҳои аввали таъсисёбиаш саҳми босазои худро гузошт.

Асламов Б.С., Одинаев Ш.И., ходимони илмии шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...