Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

341

Рӯзи 5-уми ноябр дар майдони сафороии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, бахшида ба рӯзи 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. оғоз намуда, ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфт.

342

Сардори факултет полковники милитсия Насуриён П.А., иброз дошт, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ, тақвиятбахшандаи ҷомеаи демократӣ, соҳибихтиёрии давлат ва ба танзимдароии муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ маҳсуб ёфта, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, фароҳам меорад.
Инчунин сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултет н.и.ҳ., подполковники милитсия Ҳоҷибобо З.М., дар мавзӯъи «Моҳияти Конститутсия дар замони муосир» баромад намуд.

Дар чорабинии идона сарояндаи шинохтаи вилояти Суғд Макимов Рустамҷон бо сурудҳои худ табъи ҳозиринро хуш намуд.

344345

Дар анҷоми чорабинӣ сардори факултети мазкур полковники милитсия Насуриён П.А. чорабиниро ҷамъбаст намуда, ҳозиринро бори дигар бо фарорасии ин ҷашни таърихӣ табрику муборакбод намуд.
Хонкилдиев А.Б., корманд-мутахассиси кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...