Вохӯрӣ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ
Дар асоси иҷроиши бандҳои нақшаи кории якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе ва дар амал татбиқ намудани Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020 аз санаи 3-юм то 25-уми октябри соли равон омӯзгорон, курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва кормандони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо барои вохӯрӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе №60, №63, №20, №74, №31,№5 ва ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 шаҳри Ваҳдат,№1 ноҳияи Варзоб, №2 ноҳияи Рӯдакӣ, №9 ноҳияи Шаҳринав, №75 шаҳри Турсунзода сафарбар гардиданд.
Ҳадаф аз вохӯрии мазкур пеш аз ҳама ба таври содда ва возеҳ шарҳ додани пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ ва авбошиву роҳзании ноболиғону ҷавонон мебошад.
Дар оғози ҳар як вохӯриҳо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ доир ба арзишмандии фаъолияти шабонарӯзии кормандони милитсия дар таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ёдовар гашта, иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро боиси дастгирӣ хонданд ва баён доштанд, ки маҳаки асосии мулоқоти имрӯза ин тарбия ва ба амалҳои шоиста ҳидоят намудани ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни мулоқот ва вохӯриҳо аз ҷониби омȳзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки тамоми нерӯи хешро барои ободии марзу буми аҷдодӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона созанд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин чорабиниҳои мақсаднок пайваста дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуда, кормандони Академияи ВКД мунтазам сӯҳбату вохӯриҳои судмандро бо хонандагон доир менамоянд.
Саида Сафарова, Хушвахтзода Бибихол.