Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия – ҳуҷҷати тақдирсози миллат

336

Дар кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Конститутсия – ҳуҷҷати тақдирсози миллат» баргузор гардид. дар конференсия ҳайати омӯзгорон ва шунавандагони курси тайёрии ибтидоии семоҳа ширкат варзиданд.

Бо сухани муқаддимавӣ муовини сардори факултети №4 оид ба қисми таълим, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Ғафуров М.С. баромад намуда, доир ба мақоми Конститутсия дар кишвар, зарурияти он барои рушди ҷомеа ва давлат, ифодакунандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.

337

Сипас, муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос капитани милитсия Баҳодурзода М. дар мавзӯи «Конститутсия кафили амну субот» баромад карда, зимнан қайд гардид, ки тибқи Конститутсия тоҷикистониён худро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон эълон намудааст, ки ин ифодакунандаи бевоситаи узви созмонҳои умумӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Миллали Муттаҳид, ЮНЕСКО, САҲА, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Конфронси Исломӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ маҳсуб медонад. Бинобар ин Тоҷикистон риояи принсипҳои эътирофшудаи умумӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро ба уҳда гирифтааст.
Шунавандагони курси тайёрии ибтидоии семоҳа Ҷумаев Туйхон ва Сартипов Зинун доир ба мавзӯъҳои «Конститутсия - бахтномаи миллат» ва «Муҳтавои Конститутсияи Тоҷикистон» баромад карданд.
Пас аз анҷоми конференсия дастаи ҳофизони шаҳри Хуҷанд ба ҳозирин сурудҳои ватандӯстиву ватанпарвариро тараннум намуданд.
Баҳодурзода М., муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, капитани милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...