Чорабинии тантанавӣ ва конфронси илмӣ бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзи 31-уми октябри соли равон бо ташаббуси кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 ва Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр дар толори маҷлисгоҳ конференсияи илмӣ- назарявии ҷумҳуриявӣ дар мавзȳи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва рушди давлатдории миллӣ» бахшида ба 25-солагии рȳзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсияи мазкур олимон, мутахассисон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат намуданд. Кори конференсияро муовини сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ оғоз намуда, иброз дошт, ки нақши Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ хеле бузург буда, маҳз бо иқдоми Пешвои миллат ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои он ҳифз гардидааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон яке аз Конститутсияҳои бехтарин шуморида мешавад. Сипас судяи суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оймаҳмадзода Маҳмадҷон дар мавзȳи «Танзими Конститусионӣ ва амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд», муовини сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии коррупсионии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулӣ Барот дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷачсумгари ҳуқуқи инсон», сардори шуъбаи ШТИ ва ТН Мансурзода Амиршоҳ Мансур дар мавзȳи «Амалигардонии меъёрҳои Конститусия - асоси рушди устувор», ёвари сардори РМЗҶМ ВКД Юсуфзода Акмал Ҳотам дар мавзȳи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - таҷассумгари иродаи халқ» ва дигарон дар мавзȳъҳои муҳими ҳуқуқи Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои илмӣ баромад карданд.
Дар охири конференсия тавсияҳои муфиди илмӣ оиди такмилӣ меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ қабул гардиданд.
Дар қисми дуюми чорабинӣ консерти идона бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Корманд-ҳаваскорон ва курсантони Академияи ВКД пешниҳод гардид, ки таҷассумгари озодии Истиқлолият ва арзишҳои миллӣ буд.
Чорабинии мазкур дар Академияи ВКД дар сатҳи баланд баргузор гардида, аз руҳияи ватандустӣ ва хештаншиносии ҳайати шахсӣ ва иштирокчиёни он дарак дод.
Асламов Б., Убайдуллоев Ш., Сафарова С.