Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғулияти амалии шунавандагони курси тайёрии ибтидоӣ

334

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: кормандони милитсия, пеш аз ҳама, бояд интизоми оҳанин, савияи баланди касбӣ, маърифати баланди шаҳрвандӣ ва эҳсоси нерӯманди, ватандӯстӣ дошта бошанд, меъёрҳои қонуну тартиботро хуб донанд ва риоя намоянд.

Санаи 31 октябри соли равон дар раванди такмили донишҳои назариявӣ баҳри баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони хадамоти посбонӣ-пайраҳадорӣ милитсияи РВКД дар вилояти Суғд дарси навбатии амалӣ аз фанни тайёрии оташфишонӣ роҷеъ ба мавзӯъи «Тирпарронии амалӣ» дар синфхонаи таълимии ба талаботи ҳозирзамон ҷавобгӯйи «Тири электрони»-и факултет баргузор гардид.

Зимни оғози машғулияти мазкур устоди кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ полковники милитсия Собиров И.Ғ. доир ба мавзӯъи тарзи тирпарронӣ аз силоҳҳои пурқуввати оташфишонӣ автомати Калашников ва таппончаи Макаров бо риояи талаботҳои қоидаҳои бехатарӣ дар вақти истифодаи ин намуди силоҳҳо ба шунавандагон пурра фаҳмонида дод. Ҳамзамон дар ин машғулият шунавандагон такроран аз наздик бо тарзи кори ҳар як қисму механизимҳои силоҳҳои пуриқтидори автоматӣ ва тартиби нигоҳдории онҳо дар ҷойҳои махсуси муайяншуда шинос шуданд.

Дар ин ҷода шунавандагон бо як андоза маҳорат аз ин намуди силоҳҳо ба ҳадафҳои таълимӣ ва истифодаи силоҳ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчунин чораи ниҳоӣ зимни тасвирҳои видоеӣ тирпарронӣ намудаанд.
Дар идомаи ин машғулият бошад шунавандагон ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ оид бо шарт ва доираҳои истифодаи силоҳҳои оташфишон, ҳамчун чораи ниҳоӣ аз ҷониби кормандони милитсия ва кафолатҳои амнияти шахсии корманди мусаллаҳи милитсия мутобиқи моддаҳои 13, 15 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ҷавобҳои мушаххас гирифта, боварӣ изҳор намуданд, ки минбаъд дар амалия баҳри боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии хеш кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Ғоибназарзода П., муаллими калони кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ, факултети №4 Академияи ВКД, капитани милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...