Баргузории конференсияи илмӣ-амалӣ доир ба савдои одамон
Рӯзи 29-уми октябри соли 2019 дар факултети №4 Академияи ВКД бо ташаббуси кафедраи «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ва иштироки кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, прафесорон, омӯзгорон ва курсантони Академия конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои ҷаҳонишавии ҷиноятҳои трансмиллӣ марбут ба савдои одамон» баргузор гардид.
Кори конференсияро сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло ҳусни оғоз бахшида, доир ба вазъи кунунии оид ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон сухан намуда қайд намуданд, ки мувофиқи маълумоти СБМ ҳар сол тахминан 4 миллион нафар дар ҷаҳон қурбонии ҷинояти хариду фурӯши одамон мешаванд ва ин ба ҷинояткорон дар 1 сол зиёда аз 7 миллиард доллари ИМА фоидаи соф меорад.
Сипас, сардори шӯъбачаи мубориза зидди хариду фурӯши одамони ШМЗҶМ РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори милитсия Иброҳимзода Н. дар мавзӯи «Мубориза бар зидди савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» баромад намуда қайд кард, ки пештар одамҷаллобон аз ҷиҳати даромади ҷиноятии худ баъд аз муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор ва силоҳи оташфишон дар ҷойи сеюм қарор дошта бошад, ҳоло хариду фурӯши одамон ба ҷиҳати даромаднокӣ ба ҷойи дуюм баромада, баъд аз муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор қарор дорад.
Баъдан ваколатдори калони оперативии ШКҶ Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори милитсия Нарзуллоев К. дар мавзӯи «Муқовимат ба савдои одамон» ва сардори кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Абдуллозода Н.Р. дар мавзӯи «Навъҳои мубориза бар зидди зӯровари нисбат ба занон ва кӯдакон» маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Дар хотимаи конференисияи илмӣ-амалӣ байни иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардида, олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ доир ба моҳият ва мафҳуму муҳтавои савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ибрози андеша намуданд.
Раҳмони Х.А., муаллими кафедраи ФОҶ, лейтенати калони милитсия.