Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ ва мулоқот бо падару модарони курсантон дар Академияи ВКД

329

Вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои асосии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои саривақтии супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати тақвияти раванди таълиму тарбияи курсантон дар Академия, санаи 26-уми октябри соли 2019 дар Академия вохӯрӣ ва мулоқоти падару модарони курсантон бо роҳбарияти Академия доир гардид, ки дар баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва тарбия мусоидат намуда, ҳамкории байни омӯзгорон ва падару модаронро қавитар намуд.

Муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ зимни суханронӣ дар мулоқот қайд намуд, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Академия бо тамоми шароити ҷавобгӯи талаботи замон сохта ба истифода дода шуд, ки моро водор месозад тамоми саъю кӯшиши худро ба хизмати содиқона ва софдилона баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия равона намоем.
Саидзода З.А. иброз намуд, ки шумо волидайни азиз шоҳид гаштед, ки фарзандонатон дар шароити беҳтарини замони муосир таълим гирифта истодаанд. Моро давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таълим ва тарбияи фарзандони Шумо вазифадор намудааст, аммо шумо низ бояд нисбати таълим ва тарбияи дурусти фарзандони хеш муносибати ҷиддӣ намоед, ки дар оянда фарзандонатон шахси баркамоли ҷомеа гарданд. Ҳамзамон номбурда талаботи қонунгузории амалкунандаро вобаста ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон, манъ будани истифодаи автомобили шахсӣ ва истифодабарии телефони мобилӣ дар Академия ёдовар шуд.

330331

Ҳамчунин, сардори факултети №2, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Сафарзода Ҳ.С. баромад намуда, оид ба паҳлуҳои гуногуни уҳдадориҳои падару модарон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баромад кард.
Инчунин сардори шуъбаи кадрҳо полковники милитсия Абдуллозода А.Ё. баромад намуда, аз дигар санаду меъёрҳое, ки раванди таълиму тарбияро ба танзим медароранд ёдовар шуд.
Дар охир ба волидайни курсантоне, ки бо баҳои хубу аъло дар Академия таҳсил намуда, дар чорабиниҳои сатҳи ВКД ва Академия фаъолона ширкат меварзанд бо Сипоснома ва Раҳматномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Б.Асламов, Ш.Убайдуллоев, С.Сафарова.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...