Машғулияти амалии «Дастгир намудани аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ»
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани савияи дониши амалӣ ва малакаи касбӣ оид ба муқовимат бар зидди гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва баланд бардоштани сифати таълими курсантону шунавандагони Академияи ВКД аз санаи 18 то 19-уми октябри соли 2019 дар ноҳияи Варзоб дар асоси муҳити бофтаи хаёлӣ дар якҷоягӣ бо сардори факултети №6, н.и.ҳ., полковники милитсия Самиев Н.М., сардори кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии факултети №2 подполковники милитсия Латипов М.Л., омӯзгорони кафедраи «Тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ»и факултети №2, куратори гурӯҳи таълимӣ подполковники милитсия Саломзода С.С., муаллими кафедраи «Пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ»-и факултети №6, капитани милитсия Муродов Ф.А. бо курсантони гурӯҳи таълимии 508 курси 5-уми факултети №2 дарси амалӣ аз фанни «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД» дар мавзӯи «Ташкил ва тактикаи гузаронидани амалиёт оид ба дастгир намудани ҷинояткорон» гузаронида шуд.
Курсантони гурӯҳи таълимӣ дар дарси амалии дастгир намудани аъзоёни гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ маҳорати баланд нишон доданд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.