Вохӯрии сардорони ШВКД бо курсантони Академия
Дар асоси иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки аз Мушовараҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, дар заминаи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмудати такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кадрҳои роҳбарикунанда бо сардорони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.
Баҳри тақвияти робитаи назария бо амалияи МКД дар санаи 24 октябри соли ҷорӣ вохӯрии сардорони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо курсантони курси якуми Академия ВКД баргузор гардид. Дар кори он сардорони факултетҳои Академия ҳузур доштанд.
Вохӯриро муовини сардори Академияи ВКД полковники милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ Саидзода Зикрулло Алӣ ҳусни оғоз бахшида, дар бораи тадбирҳои ВКД дар тарбияи кадрҳои ҷавон ва роҳбарикунанда суханронӣ намуд.
Сардорони ШВКД-ҳо ба курсантон дар бораи таҷрибаи кории худ маълумот дода, оид ба талаботи Вазорати корҳои дохилӣ, риояи қонуният ва интизоми хизматӣ, донистани ҳуҷҷатнигорӣ ва чолокию ҷасурӣ, ба роҳи дурусти донишандӯзӣ ва тарбияи тамоили касбии кормандони милитсия тавсияҳои муфид доданд. Ҳамчунин, аз дастовардхои ВКД, ташкили корҳои тарбиявӣ, ғамхориҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар таҳкими асосҳои моддӣ ва маишии ВКД, алалхусус Академияи он суҳбатҳои муфид намуданд.
Дар фарҷоми курсҳои кӯтоҳмудати такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кадрҳои роҳбарикунанда дар вазъияти тантанавӣ санаи 25 октябри соли равон аз ҷониби муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким ба сардорони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияхои ҷумҳурӣ оид ба хатми курси мазкур Сертификатҳо супорида шуд.
Б. Асламов, Ш. Убайдуллоев, С.Сафарова.