Таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо Донишгоҳи политсияи ҷиноятии Чин
Мутобиқи супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. рӯзҳои 14-26-уми октябри соли 2019 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони оперативии мақомоти корҳои дохилӣ (дар сатҳи роҳбарон) семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Семинарро коршиносони Донишгоҳи политсияи ҷиноятии Чин гузарониданд. Ҳайати Чинро муовини сардори факултети криминалистикаи донишгоҳи номбурда, ҷаноби Дун Сей раҳбарӣ намуд. Ҳайати намояндагон аз шахсони зерин иборат буд: Чжу Синбин - профессори факултети тарбияи ҷисмонӣ, Ян Да - дотсенти факултети иттилоот, Тси До – дотсенти факултети киберҷиноятҳо, Ли Бинггуан - профессори факултети назорати маводи мухаддир, Ши Хан - корманди шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ.
Ҳайати Донишгоҳи политсияи ҷиноятии Чин 14 октябр ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро мувофиқи барномаи семинар роҳбарони Академияи ВКД бо сарварии сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ва инчунин, сардорони шуъбаҳо пешвоз гирифтанд.
Дар толори қабули меҳмонон ҳайатро сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. хайрамақдам намуда, дар бораи фаъолияти муассисаи таҳсилоти олӣ мухтасар сухан ронд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм, табодули таҷриба дар фаъолияти илмӣ ва таълимӣ, инчунин масъалаҳои вобаста ба худи семинар баррасӣ шуданд.
Сипас, тарафҳо ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Ҳамчунин барои меҳмонон экскурсия дар бинои нави Академияи ВКД ташкил гардида, дар он меҳмонон бо инфрасохтори ин муассисаи бонуфузи ВКД Тоҷикистон аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Рӯзи 15-уми октябр ҳайати Чин бо роҳбарии муовини сардори факултети криминалистика, ҷаноби Дун Сей дарсҳоро оғоз намуданд, ки дар семинари омӯзишӣ 27-нафар кормандони воҳидҳои оперативии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Мутобиқи барнома, нақшаи дарс чунин буд:
15 октябр - Муаррифии роҳбари ҳайат, муовини сардори факултети криминалистика, ҷаноби Дун Сей оид ба фаъолияти Донишгоҳи политсияи ҷиноятии Чин ва инчунин, презентатсия дар бораи фаъолияти политсияи Чин ва ҳамкориҳои байналмилалӣ.
16 октябр - Нақши иттилоот дар фаъолияти политсия. Ташкили тафтиши парвандаҳо дар гурӯҳ.
17 октябр - Машқҳои амалӣ: Ташкили азназаргузаронии ҷойи ҳодиса. Ҳимоя ва идоракунии тартиботи ҷамъиятӣ дар вақти гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ.
18 октябр - Таҷрибаи политсия. Тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба дуздӣ ва қочоқ.
19-20 октябр - рӯзҳои озод.
21 октябр - Вазъият оид ба таҳдидҳоии террористӣ дар Чин ва чораҳои зиддитеррористии миллӣ дар ин масъала. Ҷамъоварӣ ва таҳқиқи иттилооти разведкаи зиддитеррористӣ.
22 октябр - Маблағгузории терроризм ва мубориза бо расмикунонии маблағҳо.
23 октябр - Озмоиш ва муайян намудани моддаҳои нашъаовар. Тафтиши парвандаҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир ва ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт.
24 октябр - Машқҳои амалӣ: усулҳои муҳофизат аз ҷониби кормандони политсияи Чин барои боздошти ҷинояткорон.
25 октябр - Амнияти шабака, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тарроҳии иттилоот. Мубориза бар зидди ҷиноятҳои нави ғайриқонунӣ дар шабакаҳои телекоммуникатсионӣ.
Нимаи дуюми рӯзи 25 октябр маросими ба анҷом расонидани семинар баргузор гардид, ки дар он ҳайати намояндагони Донишгоҳи политсияи ҷиноятии Чин ва инчунин, роҳбарияти Академияи ВКД бо роҳбарии муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, полковники милитсия Саидзода З.А. иштирок намуданд. Пас аз хотимаи семинар ба иштирокчиён шаҳодатномаҳо супорида шуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД