Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории семинари илмӣ-назариявӣ дар Академияи ВКД

307

Дар факултети №1 Академияи ВКД бо ташаббуси сардори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти хифзи ҳуқуқ, номзади илми таърих, генерал-майори милитсия Имомёрбеков Атобек, ҷамъияти илмии «Истеъдоди роҳбарӣ» бо шунавандагони факултети мазкур семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Беҳтаргардонии вазъи психологии ҳайати шахсии МКД» бо ҷалби мутахассисон баргузор гардид.

Кори семинарро муовини сардори Академия оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. бо сухани ифтитоҳӣ кушода, аз ҷумла иброз намуд, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ вазъи иҷтимоии ҳайати шахсии МКД рӯз аз рӯз беҳтар гашта, шароитҳои кории мусоид фароҳам оварда шудаанд, вале дар баробари ин дар сатҳи такмили вазъи психологии ҳайати шахсӣ проблемаҳои идоракунӣ низ ҷой доранд, ки дар семинари илмӣ-назариявии мазкур онҳо мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Сипас дар мавзӯи «Бунёди муҳити солими психологӣ дар байни ҳайати шахсии МКД» олим ва психологи варзидаи ҷумҳурӣ Давлатов Маҳмадулло маърӯза карда, диққати ҳозиринро ба истеъдоди роҳбарӣ дар коллектив ва роҳҳои баромадан аз буҳронҳои психологӣ дар раванди идоракунӣ ҷалб намуд.
Дар мавзӯӣ «Ҷанбаҳои асосии иҷтимоӣ-психологии корҳои кадрӣ дар МКД» сардори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти хифзи ҳуқуқ, номзади илми таърих, генерал-майори милитсия Имомёрбеков Атобек баромад намуда, ба масоили амалии фаъолияти идоракунӣ дар МКД таваҷҷӯҳ намуда,тавсияҳои хуби илмӣ пешниҳод намуд.

308

Дар мавзӯи «Ташкили илмии фаъолияти МКД ва таъсири он ба вазъи психологии ҳайати шахсӣ» сардори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1, н.и.т., подполковники милитсия Алимардонӣ Манучеҳр Усмон баромад карда, таклифҳои мушаххас оид ба ташкили самараноки психологияи идоракуниро баён намуд. Дар мавзӯи «Нақши омилҳои психологӣ дар ташкили самараноки кор бо ҳайати шахсӣ» ходими калони илмӣ, полковники милитсия Асламов Б.С. баромад карда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба тадбирҳои такмили донишхои психологӣ дар МКД ҷалб намуд.
Кори семинар бо саволу ҷавоб ва таклифҳои мушаххас оид ба такмили идоракунӣ дар МКД ба анҷом расид.
Убайдуллоев Ш.Э., Сафарова С.Н., Асламов Б.С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...