Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Милитсия ва ҷавонон

25Ба ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон имрӯзҳо маълум аст, ки беҳтарин неъмате, ки ин миллат дар охири асри ХХ соҳиб гардидааст, Истиқлолияти давлатӣ ва соҳиб гардидан ба Ваҳдати комили ҷомеа мебошанд. Маҳз ҳамин омилҳо буданд, ки заминаи воқеиро барои рушди самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, алалхусус самти дастгирии ҷавонон, ки қишри бисёр муассири ҷомеа мебошанд гузошта, дар ин замина дигаргуниҳои чашмрас низ ба даст омадаанд.

Албатта ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умедвориҳои зиёде дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ метавон гуфт, ки масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонони кишвар, шахсан дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки далели гуфтаҳои мазкур қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ дар самти дастгирии ҷавонон буда метавонанд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин масъала дар Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид гардидааст, ки «Мо аз ҷавонон умеди калон дорем, зеро дар оянда масъулияти давлатдорӣ ва рушди кишвар бар уҳдаи онҳо меафтад», яъне Пешвои миллат имрӯз дар симои ҷавонон зимомдорони ояндаи ин кишвари таърихиро мебинанд, ки албатта ин омил аз ҳар ҷавони огоҳ зирракӣ, худогоҳӣ ва умуман масъулиятро тақозо дорад.
Чи тавре маълум аст ҳамкории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонон ва умуман донишҷӯёни худогоҳи кишвар дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти хизматӣ ҳисоб ёфта, дар ин ҷода корҳои зиёдеро мунтазам анҷом дода истодааст. Ин аст, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда ва буёдкори ҷомеа, бо ифтихор аз меҳани хеш дар ҳама чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ фаъолона ширкат меварзанд. Теъдоди зиёди ҷавонон, бахусус донишҷӯёни макотиби олии кишвар бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намуда, ҳамчун Дружиначиёни ихтиёрӣ, гурӯҳи «Авангард» ва кормандони гайриштатии милитсия дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар қонуншиканиҳо фаъолияти хуб нишон медиҳанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти милитсия ҷараён дорад ва яке аз мақсадҳои асосии ин раванд таҳким бахшидани робитаи доимӣ бо ҷомеа мебошад. Бо ин мақсад имрӯзҳо аз ҷониби шахсан Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро чорабиниҳои муҳим, аз ҷумлаи вохӯриҳо бо қишрҳои мухталифи ҷомеа, ҷавонону донишҷуёни минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ ва берун аз он, инчунин ташкил ва гузаронидани конференсияҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ташкил ва вохӯриҳои мунтазам бо дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони гайриштатӣ ва бо ташаббуси хеш ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҷавонони фаъоли мақомоту кумитаҳои давлатӣ ва донишкадаву донишгоҳҳои кишвар ташкил намудани гурӯҳи «Авангард», телефонии боварии Вазири корҳои дохилӣ, пурсишҳои сотсиологӣ, гурӯҳҳои корӣ ва дигар чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ таъсис ва баргузор гардидаанд, ки ҳадафи ниҳоии онҳо ҳарчӣ бештар ба вуҷуд овардани ҳамкории зичи мақомоти милитсия бо ҷомеа, алалхусус ҷавонон мебошад, ки албатта натиҷаи хуб ба бор оварда истодаанд.
Барои мисол метавон аз нақши ҷавонони меҳанпарасти ин миллату давлат аз оғози Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз мисолҳои мушаххас оварем. Ин ҳам бошад пеш аз ҳама аз заҳмату талошҳои ҷавонони соҳибирода ва меҳанпарасти кишвар, ки шомили Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар солҳои аввали Истиқлолият гардида буданд, метавонем ёдовар шавем. Чунки бар ивази ҷони хеш амният ва суботи ҷомеаро таъмин намуда, бар зидди афроди манфиатҷӯ ва умуман унсурҳои номатлуби ҷомеа мубориза бурдаанд. Имрӯз бошад метавонем ҷалб гардидани 450-500 нафар дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатиро дар таъмини тартиботи ҷамъиятии кишвар дар як шабонарӯз далели воқеии ҳамкорӣ пешниҳод намоем.
Аммо сарфи назар аз ҳама дастоварду комёбиҳои давлату миллат дар ин даврони таърихӣ, ки бо талошҳои саривақтии фарзанди ҷонсупурдаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мо гардидаанд, инчунин баъзан мушкилоте низ миёни ин қишри ҷомеа, яъне ҷавонон вуҷуд доранд, ки наметавонем аз ибрози он худдорӣ намоем. Ин ҳам бошад пеш аз ҳама шомилшавии ҷавонони дорои андешаи маҳдуд ба гурӯҳҳои ифротгароиву террористӣ ва даст задан ба шаклҳои дигари ҷинояткорӣ мебошад, ки Вазорати корҳои дохилӣ дар ин самт низ корҳои муайянро анҷом дода истодааст. Вале масъалаи мазкур муттаҳидӣ ва амали дастаҷамъонаро талаб менамояд.
Бо назардошти ин омил кулли шаҳрвандон, алалхусус ҷавононро зарур аст, ки ҳарчи бештар қобилияту истеъдоди худро баҳри нигоҳдошти арзишҳои давлатдории миллӣ сарф намуда, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби ҷомеаро барои худ қарзи шаҳрвандӣ пиндоранд. Чунки раванди бо суръат инкишоф ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ, раванди бегонашавӣ набуда ба асли шинохти арзишҳои миллии хеш бозгаштан аст. Дар акси ҳол ҳеҷ миллату давлат наметавонад бидуни шинохти арзишҳои инсонӣ ва миллии хеш дар ин росто истодагарӣ намояд.
Самиъзода Бахтиёр Салим, омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковни кимилитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...