Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсия

302
Машғул шудан ба варзиш инсонро ҳамеша солиму бардам ва руҳан қавӣ мегардонад. Бинобар ин тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи ВКД дар факултети №4 пайваста чорабиниҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Бо ташаббуси кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳои асосии кафедра ва факултети мазкур мусобиқаҳои варзишӣ байни кормандон, шунавандагон ва курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намудҳои «Футболи хурд», «Тенниси рӯйи мизӣ», «Шоҳмот» ва «Шашка» ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи милитсияи тоҷик ба нақша гирифта шуда буд.
Мусобиқаи мазкур, аз санаи 21-уми октябр оғоз гардида, то санаи 5-уми ноябри соли 2019 идома меёбад.
Бояд қайд намуд, ки то имрӯз мусобиқаҳои варзишӣ дар намуди тенниси рӯйи мизӣ ва шашкаву шоҳмот дар байни кормандон ва курсантон гузаронида шуда ғолибони мусобиқаҳо муайян карда шуданд. Тибқи дархостҳои пешниҳоднамудаи кафедраҳо ва курсҳои воҳиди таълимӣ-низомӣ дар мусобиқаи варзишии тенниси рӯйи мизӣ 35 нафар аз ҳисоби курсантон ва 14 нафар аз ҳисоби кормандон фаъолона иштирок намуданд, ки мусобиқа 2 рӯз давом ёфта, бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфт.
Дар байни кормандон: Ҷойи 1-ум насиби подполковники милитсия Раҳимзода Ҷамшед, ҷойи 2-юм насиби лейтенанти милитсия Шарифҷонзода Фирӯз ва ҷойи 3-юм насиби лейтенанти калони милитсия Абдуллозода Фаридун, гардид.
304
Дар байни курсантон бошад: Ҷойи 1-ум насиби курсанти курси 3-юм, милитсияи қаторӣ Иморуддинов Х.Ҳ, ҷойи 2-юм насиби курсанти курси 5-ум, милитсияи қаторӣ Ҳодибоев А.М. ва ҷойи 3-юм насиби курсанти курси 4-ум, милитсияи қаторӣ Бадавлатзода Рамзулло, гардид.
Мусобиқаи варзишӣ оид ба «Шашка» дар байни курсантон чунин натиҷа дод: Ҷойи 1-ум насиби курсанти курси 4-ум, милитсияи қаторӣ Абдуназаров М.А., ҷойи 2-юм насиби курсанти курси 3-юм, милитсияи қаторӣ Муссоев М. ва ҷойи 3-юм насиби курсанти курси 1-ум,милитсияи қаторӣ Абдуллоев А.А. гардид.
Мусобиқаи варзишӣ оид ба «Шоҳмот» дар байни курсантон чунин натиҷа дод: Ҷойи 1-ум насиби курсанти курси 5-ум, милитсияи қаторӣ Тӯраев Дилшод, ҷойи 2-юм насиби курсанти курси 3-юм, милитсияи қаторӣ Ҳаитов Ҳаитбой ва ҷойи 3-юм насиби курсанти курси 2-юм,милитсияи қаторӣ Олимов Оқил. гардид.

306

Қайд кардан зарур аст, ки ҳамаи кормандон, курсантони факултет дар чорабинии мазкур бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ иштирок намуда истодаанд ва чорабинӣ дар як фазои идона гузашта истодааст.
Мусобиқаҳо дар ин самт идома доранд.

Муҳаммадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети № 4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

payom1

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад.