Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғулияти амалии курсантони факултети №4 дар қисми ҳарбии 3501

299

Рӯзи 25-уми октябри соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои таълимӣ-тарбиявӣ бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва малакаи дониш таҳти роҳбарии сардори кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ полковники милитсия Собиров И.Ғ. курсантони курси 2-юми гурӯҳи қӯшунҳои дохилӣ бо ихтисоси «ҳайати фармондеҳӣ» факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми ҳарбии 3501 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани машғулияти амалӣ аз фанни «Тайёрии оташфишонӣ» ва «Тактикаи умумӣ» сафарбар гардиданд. 

300

Дар оғози ин ҳамкорӣ, командири қисми ҳарбии 3501 полковник Ализода Баҳодур Ҳасан дар майдони сафороӣ бо курсантон, ҳамсӯҳбат шуданд. Зимни ин сӯҳбат, шунавандагон роҷеъ ба фаъолияти ҳарбӣ-хизматӣ, тартибу низоми қисми ҳарбӣ ва бо тактикаи пешбурди фаъолияти ҳарбӣ-хизматии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати пурзӯри хизмат шинос шуданд. Дар ин ҷода ба ҳамкории ҳаррӯзаи хизматчиёни ҳарбӣ бо кормандони милитсияи РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баҳри нигоҳ доштани тартиботи ҷамъияӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятҳои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ содиршуда маълумотҳои мушаххас гирифтанд.
Баъд аз ин афсарони бомаҳорату пуртаҷриба, сардори хадамоти хизмати қӯшунӣ капитан Бурҳонзода Баҳодур, муаллими кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ лейтенанти милитсия Ҷабборов Т.М. ва устоди кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ капитани милитсия Сайфиддинзода С. бо курсантон дар синфхонаҳои таълимӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгуй машғулиятҳои амалии худро гузарониданд. Дар раванди машғулияти амалӣ курсантон аз наздик доир ба мавзӯъҳои таълимӣ, бомӯҳтаво, таъинот, қисмҳои асосӣ, маълумоти техникӣ, тартиби ба қисмҳои пурра ва нопурра ҷудо ва пайваст намудан, тарзи тирпарронӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ бо силоҳҳои ҷангӣ пулемёти дастии Калашников, милтиқи мергании Драгунов, пулемёти Калашников ва норинҷакандози зидди танкӣ шинос шуданд.
Гузаронидани ин машғулияти амалӣ, ки дар соли хониши 2019-2020 бори аввал бо ҳамкории дуҷониба барпо гардид ба курсантон, хотирмон гашт, зеро онҳо боз ҳам аз наздик бо силоҳҳои ҷангӣ ба монанди намудҳои пулемёти Калашников, милтиқи мерганӣ ва норинҷакандози зидди танкӣ шинос шуда ба саволҳои пешниҳод намудаи худ оид ба омӯхтан ва истифодаи силоҳи оташфишон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

301

Аҳмадзода Хуршед, корманд-мутахассиси кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...