Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барасии масоили муҳим дар Шȳрои ректорони Мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар шаҳри бостонии Хучанд

Рӯзи 12-уми октябри соли равон бо ташаббуси Шȳрои ректорон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи навбатии Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори Шȳро сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ширкат намуд.

IMG 9470 - копия

Дар оғоз раиси Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, академик Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт, ки фаъолияти Шӯро тадриҷан тақвият ёфта, дар бартараф намудани проблемаву мушкилоти мактабҳои олии кишвар бо кӯшиши якҷояи аъзои он саҳми босазо мегузорад. Дар ҷаласа шаш масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров оид ба «Вазъи фаъолияти парки технологии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва натиҷаи татбиқи таҳқиқоти илмӣ тавассути он дар истеҳсолот» суханронӣ намуд. Мавсуф зикр намуд, ки дар ин самт донишгоҳ ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Вале боз мушкилоти зиёде вуҷуд дорад, ки ба рушди паркҳои технологӣ монеа эҷод мекунад. Мавсуф баҳри бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта пешниҳодҳои судманд ироа намуд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулло Ҳабибулло дар мавзӯи «Чораҳои пешгирии ҳолатҳои даст назадани омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба амалҳои коррупсионӣ (иҷрои талаботи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар донишгоҳ)” суханронӣ намуда, қайд кард, ки коррупсия яке аз падидаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи кишварҳо мегардад.
Сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм Носир Сайдализода вобаста ба мушкилоти тайёр намудани кадрҳои илмӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён вобаста ба фаъолияти китобхонаи донишгоҳ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ перомуни омода намудани экспертҳои байналмилалӣ суханронӣ карданд.
Сардори Академияи ВКД иброз намуд, ки дар Академияи ВКД дар якҷоягӣ бо Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва роҳбарияти ВКД дар амалигардонии стратегияи мазкур чорабиниҳои гуногуни ташвиқотӣ гузаронида шудаанд. Солҳои охир инкишофи илм дар Академия ба дараҷаи сифатан нав баромада, комёбихои илмӣ чандин маротиба афзудааст.
Дар охир муовини вазири маориф ва илм Сайфиддин Давлатзода ба иштирокдорон - ректорони мактабҳои олии кишвар дастуру супоришҳои мушаххас дода, ҳамзамон муваззаф намуд, ки ҳарчи зудтар ихтисосҳои муайянро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида, баҳри баланд бардоштани сифати таълим ҳамвора талош намоянд.
Асламов Б., Сафарова С., Убайдуллоев Ш.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...