Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории марҳилаи ниҳоии озмуни «Китобхони беҳтарин» дар Академияи ВКД

000 0976

Маълум аст, ки дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Пешвои муаззами Миллат озмуни ҷумҳурияви «Фуруғи субҳи доноӣ» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад. Ҳадаф аз гузаронидани озмун дар Академияи ВКД ин пешниҳоди номзадҳо ба озмуни мазкур мебошад.
Бо супориши сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ курсантон пеш аз таълили тобистона ба озмуни «Китобхони беҳтарин» сафарбар карда шуданд. Санаи 18-уми октябри соли ҷорӣ марҳилаи ниҳоии озмуни «Китобхони беҳтарин» байни курсантони факултетҳои Академия ҷамъбаст гардид. Дар озмун зиёда аз 18 нафар курсантон ҳамчун довталаб ширкат намуданд. Аъзои ҳакамон сардори факултети №2 Сафарзода Ҳ., сардори кафедраи забонҳо Давлатшоева А., ходими калони илмӣ Асламов Б.С., раиси Шȳрои кураторон Самиъзода Б., омȳзгори калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалогия ва психология Аҳёзода Ш. дар чор номинатсия фаъолияти курсантонро санҷиданд:
1. Муарифии китоби хондашуда;
2. Қаҳрамонҳои мусбӣ ва манфии асари хондашуда;
3. Аз ёд намудани порчае аз асари бадеӣ;
4. Аз ёд қироъат намудани шеър аз осори шоирони муосир ва классики тоҷик.
Натиҷаи озмун нишон дод, ки курантон ба он таёрии пухта дидаанд ва дар натиҷаи ҷамъбасти озмуни мазкур ҳакамон ҷойҳои намоёнро чунин муайян намуданд:
Ҷои якум насиби курсанти курси чоруми факултети №2 Бобоева Шаҳзода ва курсанти курси 5 факултети №5 Ҳабибов Ҳокимҷон гардиданд.
Ҷои дуюм насиби курсанти курси чоруми факултети №2 Зардаков Довуд ва курсанти курси дуюми факултети №2 Маҳмадуллозода Довудхуҷа гардиданд.
Ҷои сеюм насиби курсанти курси сеюми факултети №6 ва Самиев Кароматулло курсанти курси дуюми факултети №2 ва Наҷмидингов Ҳусейн курсанти курси дуюми факултети №2 гардиданд.
Бо пешниҳоди ҳайати ҳакамони озмун ғолибони озмун аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД дар ҷамъомади пагоҳирȳзӣ дар байни ҳайати омȳзгорону курсантон бо Ифтихорнома ва Раҳматнома қадрдонӣ гардиданд.
Асламов Б., Убайдуллоев Ш., Сафарова С.Н.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...